"Унвони зиёд надошт, мухлиси зиёд дошт”: даргузашти Қиёмиддин Чақалов

© PixabayСвеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Қиёмиддин Чақалов, ҳунарманди театру синамо ва Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон дар синни 75 солагӣ аз олам чашм пӯшид
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ҳунарманди театру синамо ва Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалов даргузашт.
Ба қавли наздикон, марҳум аввалҳои моҳи марти соли равон ба гумони саратон аз соҳаи рӯда ҷарроҳӣ шуда, зоҳиран, вазъи баде надошт, аммо ҳаволии соати 5 – и субҳи имрӯз, 14 апрел, дар манзили хеш дар шаҳраки Файзобод, маркази ноҳияи ҳамном олами фониро падруд гуфт.
“Ӯ аз соҳаи дил низ мушкил дошт. Як – як аз сӯзиши дил шикоят мекард. Аммо хеле бардам буд. Ҳеҷ кас интизор надошт, аммо кори Худост - вақт ки тамом шуд, меравӣ”, - гуфт яке аз наздиконаш.
Қиёмиддин Чақалов 28 апрели 1945 дар деҳаи Хуванди ноҳияи Файзобод дида ба дунё кушода, факултаи актёри драма ва кинои Институти давлатии санъати Тоҷикистон (1971) – ро хатм намудааст.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
"Баъди ифтор, дар рӯзи аввали Рамазон": домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ даргузашт
Ҳудуди ним аср ба ин сӯ дар саҳнаи Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ дар нақшҳои мухталиф, аз қабили Куряткин ("Ҷарроҳӣ"-и А. Чехов), Зайн ибни Умайдо ("Ишқи араб"-и П. Мериме), Сухсуров ("Садо аз тобут"-и А. Қаҳҳор), Гумоштаи сиёсӣ ("Алломаи Адҳам"-и С. Улуғзода), Шайх Низомиддин ("Зебуниссо"-и Ш. Қиёмов ва М. Шералӣ), Оқсақол ("Дохунда"-и Ҷ. Икромӣ) иҷро кардааст.
Ҳамчунин ҳунарманд нақшҳои Халил Афандӣ ("Айнӣ"-и Ғ. Абдулло), Гӯрков ("Гамлет"-и В. Шекспир), Атаман Дор ("Кӯзаи гӯё"-и А. Абӯбакр), Шодиқулов ("Ҷияни хира"-и Ш Солеҳ), Лақай ("Парвози Сабзабаноз"-и М. Муҳаммадиев), Угаров ("Бист дақиқа бо фаришта"-и А. Вампилов), Холмат ("Бой ва Хизматгор"-и Ҳ. Ниёзӣ) ва даҳҳо нақши дигарро офаридааст.
Ҳамзамон дар соҳаи кино дар нақшҳои Сияҳсавор ("Ашк ва шамшер"), қассоб ("Ҷазира"), муаллим ("Муҷассамаи ишқ"-и У. Мирзоширинов, соли 2003), директории совхоз ("Сароби хунин") ва ғайра бозӣ намудааст.
Ба қавли дӯстон, Қиёмиддин Чақалов унвону мукофоти зиёд надошт, аммо як актёри маъруф ва мардумӣ буд.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Даргузашти Фотима Ғуломова, ҳунарманди тоҷик пас аз як моҳи марги шавҳар
"Дар замони Шӯравӣ як нишони сарисинагии "Аълочии маданияти СССР" ва дар замони Истиқлол унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (2008) – ро камоӣ кардааст. Аммо дар кӯчаву бозор ӯро мешинохтанд ва бо ӯ намешуд, роҳат аз кӯчаҳо гузашт”, - гуфт яке аз онҳо.
Намози ҷанозаи Қиёмиддин Чақалов рӯзи 14 апрел вақти зуҳр дар шаҳраки Файзобод, маҳалли зисти марҳум баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала