"Баъди ифтор, дар рӯзи аввали Рамазон": домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ даргузашт

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Ҳикматуллои Тоҷикободӣ, аз рӯҳониёни саршиноси кишвар дар синни 80 - солагӣ аз олам даргузашт.
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон яке аз рӯҳониёни шинохтаи кишвар Ҳикматуллои Тоҷикободӣ аз олам чашм пӯшид.
Дар ин бора яке аз ҳамдиёрони рӯҳонии шинохта ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, қалби рӯҳонии шинохта шаби гузашта аз тапидан бозмонд.
"Мутаассифона домулло шаби гузашта, пас аз ифтор, дар нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазон даргузаштанд", - афзуд манбаъ.
Ба иттилои ӯ маросими ҷанозаи рӯҳонии шинохта, рӯзи 14 апрел дар зодгоҳаш ноҳияи Тоҷикобод пеш аз намози пешин доир мешавад.
Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос ва ходими илмиву ҷамъиятии тоҷик Ҳикматуллои Тоҷикободиро яке аз муҳимтарин меҳварҳои исломи суннатӣ дар кишвар ва шахсияти сатҳу аҳаммияти умумимиллӣ хондааст.

"Бо рафтани ин рӯҳонии бузургвор бе гумон як қутби маънавии ҷомеа кам шуд, як ҷабҳаи истодагарии милливу мазҳабӣ рафт", - навиштааст Раҳнамо.

Абдуллоҳ Раҳнамо, мушовири Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Абдуллоҳи Раҳнамо,
сиёсатшинос ва ходими илмиву ҷамъиятии тоҷик
Ӯ гуфтааст, бо рафтани рӯҳонии шинохта муҳити динӣ ва маънавии мо як ҳавзаи дигар холитар гашт, амнияти эътиқодии мардум як дараҷаи дигар осебпазиртар шуд.
Ба гуфти ӯ, будани эшон дар замони фитнаҳои фикрию динӣ яке аз рамзҳои суннату асолату устуворӣ буд. Барои мазҳаб, барои миллат ва ҳатто барои давлат.
Фатҳуллоев Ҳикматуллоҳ маъруф ба Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ соли 1941 дар деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод дар хонаводаи дехқон ба дунё омадааст.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Даргузашти Озодамоҳ Муҳтарамова, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон
Марҳум таълимоти ибтидоии диниро аз рӯҳониёни саршинос Мулло Неъматулло, Домулло Ҷӯрабеки Ғармӣ, Домулло Назрӣ, Домулло Хуҷаи Кӯлобӣ, Домуллоҳ Шералии Андиҷонӣ ва инчунин Мавлавӣ Ҳиндустонӣ гирифтааст.
Ӯ аз олим ва донишманди фарҳехтаи ислом буд, ки мактаби худро дошт, ки дар он садҳо шогирдон ба воя расидаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала