Рустами Эмомалӣ барои баргузории чорабинии байналмиллалӣ 500 ҳазор ихтисос дод

© Sport.kgВ Бишкеке прошел международный полумарафон
В Бишкеке прошел международный полумарафон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Барои пардохти хароҷоти чорабинӣ 493 ҳазору 049 сомонӣ ихтисос дода шудааст
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузор намудани Ниммарафони XI байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт қарор ба имзо расонд, хабар медиҳад котиботи мири шаҳри Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, Ниммарафони байналмилалӣ рӯзи 17 апрел соли 09:00 оғоз ёфта, Кумитаи тадорукот вазифадор гардидааст, ки онро мутобиқи хати дави муайянкунанда доир намояд.
Дави нимамарафон дар Душанбе 18 апрели соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2015
Дар дави ниммарафон дар Душанбе давандаҳои Русия пирӯз шуданд
Зикр мегардад, ки аз ҳисоби маблағи Фонди рушди пойтахт барои пардохти хароҷоти Ниммарафони байналмилалӣ 493 049 сомонӣ ҷудо гардид.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз соли 2010 ҳамасола дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт, Ниммарафони байналмилалии Душанбе баргузор мешавад.
Аввалин бор Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе ба масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандаҳои Тоҷикистон моҳи апрели соли 2010 баргузор гардида буд.
Барои иштирок дар ин мусобиқа ҳар сол одатан варзишгарон аз Русия, Белорус, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Фаронса, Кения ва дигар кишварҳои олам ба Душанбе меоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала