Барандаҳои стипендияи раиси Душанбе 480 ҳазор сомонӣ мегиранд

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикские школьники
Таджикские школьники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, бо имзои як қарор барои барандагони стипендияи раиси пойтахт дар соли хониши 2020 – 2021 наздики ним миллион сомонӣ ҷудо кард
ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Бар асоси қарори Рустами Эмомалӣ, барои барандагони стипендияи раиси Душанбе 484 ҳазору 800 сомонӣ ҷудо карда шуд.
Қаблан иттилоъ дода шуд, ки соли равон барои гирифтани ин стипендия ҳудуди 3,5 ҳазор хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе ҳуҷҷат супорида, барандаҳо тариқи озмун муайян гардиданд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2021
Раҳмон имзо кард: стипендия донишҷӯ, магистр ва аспиранту докторантҳо 30% зиёд мешавад
Стипендияи раиси Душанбе соли 2017 бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагони фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, ҳамасола тақдим мегардад.

"Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе барои 200 нафар ба маблағи 250 сомонӣ дар як моҳ ва барои нӯҳ моҳи соли хониш таъсис дода шавад", - омадаст дар қарор.

Масъулини шаҳрдорӣ муваззаф шудаанд, ки дар фазои тантанавӣ ба ғолибон шаҳодатнома ва маблағҳои стипендия супорида шавад.
Алия, хонандаи синфи 2 аз Норак пирӯзи озмуни байналмилалӣ ва соҳиби роҳхат ба "Артек" шуд
Лентаи хабарҳо
0