Ҳукумати Русия як роҳи осони дигари гирифтани ВНЖ-ро таъйид кард

© Sputnik / Алексей КуденкоВид на жительство иностранного гражданина
Вид на жительство иностранного гражданина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Обуна шудан
Ҳукумати Русия қонунеро, ки мувофиқи он сармоягузорони хориҷӣ метавонанд бо тартиби сода ВНЖ (иҷозаи иқомати доимӣ) ба даст оваранд, тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар Русия қонунеро ҷорӣ мекунанд, ки мувофиқи он сармоягузорони хориҷӣ метавонанд бо тартиби осон иҷозаи иқомти доимӣ (ВНЖ ё вид на жительство) гиранд. Дар ин бора расонаҳои Русия бо истинод ба манобеашон дар Ҳукумат иттилоъ медиҳанд.
Комиссияи ҳукуматӣ, ВКД ва Вазорати меҳнат аллакай ин тарҳро ҷонибдорӣ кардаанд, аммо Вазорати иқтисод ва рушд хабар дод, ки меъёрҳои иқтисодӣ барои додани ВНЖ ба шаҳрвандони хориҷиро дар Русия Ҳукумат тасдиқ мекунад ва Думаи давлатӣ баррасӣ менамояд.
Интизор меравад, ки барои гирифтани ВНЖ бояд ба соҳаи тиҷорати Русия на камтар аз 10 миллион рубл маблағгузорӣ кард ва ё соҳиби вомбаргҳои қарзи федералӣ ва ё соҳиби моликияти ғайриманқули арзишаш на камтар аз 30 миллион рубл буд.
Пассажиры в аэропорту Домодедово, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Пешниҳоди додани "ВНЖ" бидуни "РВП" ба муҳоҷироне, ки Русияро тарк карда натавонистанд
Дар назар дошта шудааст, ки ҳамаи узви хонаводаи сармоягузор баробари ӯ ВНЖ мегиранд.
Ташаббуси шиносномаҳои "тиллоӣ"-ро дар палатаи поёнии парлумони Русия бо як шарт омодаанд ҷонибдорӣ кунанд, ки иртиботи чунин сармоягузорон бо ҷиноят тафтиш карда шавад.
Ба қавли узви комиссияи ҳукуматӣ, роҳбари Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Русия Владимр Груздев, ташаббус пеш аз ҳама ба созмони шароити мусоид барои сармоягузорон равона карда шудааст.
"Нафаре, ки дар Русия тарҳҳои муҳимро амалӣ мекунад, бояд имконияти зистан дар Русияро бидуни расмиёти барзиёд ва ё ба истилоҳ коғазбозӣ дошта бошад", - таъкид кард вай.
Ба гуфтаи президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов, эҳтимоли ғолиб ин тартиб нуқта-нуқта истифода мешавад.
Церемония вручения российского паспорта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2020
"Хона хар ва ВНЖ гир": сабукии дигар дар раванди гирифтани шаҳрвандии Русия
"Асосан дар Русия хориҷиёне бисёранд, ки моликияти ғайриманқули арзишманд ва ҳуқуқи гирифтани ВНЖ-ро доранд, аммо агар ҳатто ин ҳуҷҷатро ба даст орранд ҳам маҷбур мешаванд, ки қисми зиёди сол дар Русия зиндагӣ кунанд", - афзудааст коршинос.
Коженев таъкид кард, ки ин тарҳ бештар барои шаҳрҳои Шарқи наздик, Африқо қулай аст, ки ҳангоми гирифтани раводид ба Русия ба мушкилӣ дучор мешаванд.
"Аз ташаббус на ҳама истифода хоҳанд кард", - гуфт дар анҷом роҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия.
Лентаи хабарҳо
0