“Агар Исломро қабул кунад”: Қодиров аз додани Қуръон ба Навалний гуфт

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузаштан ба хазинаи аксГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон, мегӯяд, Алексей Навалний, ки дар зиндон Қуръонро мехоҳад, ба ҳамин васила талош дорад, китоби муқаддасро ба ҳадафҳои худ истифода барад
ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Қаблан Навалний, ки дар муассисаи ислоҳии рақами 2-и вилояти Владимир нигоҳдорӣ мешавад, ба роҳбарияти муассиса шикоят кард, ки ба ӯ Қуръон ва дигар китобҳояшро намедиҳанд. Ӯ изҳор дошт, ки мехоҳад Қуръонро омӯзад, аммо дар зимн таъкид намудааст, ки мусалмон нест.
“Кӣ ба Навалний ҳуқуқи маънавӣ додааст, ки Қуръони каримро ёд кунад?”, - изҳор дошт Қодиров дар Telegram.
Ба гуфтаи Қодиров, “Навалний талош дорад, китоби муқаддасро ба ҳадафҳои сиёсии худ истифода барад ва ҳатман иқтибосҳоеро барои иғво истифода хоҳад кард, ҳамчуноне, ки ба ин кор дер боз дар Аврупо омӯхта шудаанд”.
Раисиҷумҳури Чеченистон, мегӯяд, Навалний, ки алайҳи сохтмони масоҷид баромад мекунад, ба ҳамин васила мехоҳад, мусалмононро ба худ моил созад.
Ӯ аз номи мусалмонҳои Русия аз мақомоти маҳбас хост, “ба зиндонӣ иҷозат надиҳанд, ки адовати динӣ барангезад”.
Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Фатвои Шӯрои уламо дар бораи қасами “занталоқ” ва савганд ба номи Худою Қуръон
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Чеченистон, иҷозат аст, ки Қуръон дода шавад, “агар маҳбус аз кораш пушаймон шудааст, мехоҳад ба роҳи ҳақ равад, исломро қабул кунад ва бо тамоми қалб мехоҳад, садои Офаридгорро шунавад”.
Додгоҳи ноҳияи Симонови Маскав 2 феврал ҷазои шартии Навалнийро бекор карда, ба 3,5 соли зиндони низомаш умумӣ иваз кард. Ин бо дархости идораи зиндонҳо амалӣ шуд, ки ба иттилои ин ниҳод Навалний шароити ҷазои шартиро вайрон кард. Дар ниҳоят додгоҳи Маскав ин қарорро тасвиб кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала