КҲФ ҷасади ҷавонзан, модари ду фарзандро дар Душанбе аз об берун овард

© КЧС ТаджикистанаСпасатели КЧС Таджикистана достают тело утонувшего человека из молодежного озера
Спасатели КЧС Таджикистана достают тело утонувшего человека из молодежного озера - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Ҷасади ҷавонзани 29 - сола, ки наҷотбахшон аз канали "Дериватсионӣ"- и Душанбе пайдо карданд, сокини ноҳияи Варзоб будааст
ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҷасади як зани ғарқшударо аз канали "Дериватсионӣ"- и Душанбе берун оварданд.
Бино ба иттилои маркази матбуотии кумита, рӯзи 13 апрел, соати 16:05, иттилоъ дар бораи як зани ғарқшуда ба бахши навбатдории кумитаи дар шаҳри Душанбе, ворид шуд.
Дастаи зудамали наҷотбахшон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ҷасадро аз канал бароварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Муайян карда шудааст, ки ин зан сокини 29-солаи минтақаи Варзоб, модари ду фарзанд будааст, афзудааст манбаъ.

Дар ҳоли ҳозир, вазъи ҳодиса муқаррар карда мешавад, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Горы Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Дарёфти пайиҳами ҷасади хоҳарони ҷавон дар кӯҳи Леваканд: мақомот таҳқиқ доранд
Ёдовар мешавем, ки зарфи ду рӯзи охир ин сеюмин ҳодисаи марги зану духтарони ҷавон дар кишвар аст, ки кормандони имдоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода пайдо мекунанд.
Рӯзи гузашта кормандони ин ниҳод ҷасади ду хоҳарро дар кӯҳҳои ноҳияи Леваканд пайдо карданд, ки сабаби ин ҳодисаҳо то ҳанӯз норӯшан аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала