Коронавирус дар як рӯз ҷони 304 танро гирифт: Эрон

© AFP 2023 / Atta KenareЛюди напротив ресторана во время ужесточения направленных на борьбу с коронавирусом мер в Тегеране
Люди напротив ресторана во время ужесточения направленных на борьбу с коронавирусом мер в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Обуна шудан
Дар маҷмуъ то кунун ду миллиону 143 ҳазору 794 нафар дар Эрон ба бемории корона мубтало шудааст
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон шумори ҷонбохтагони корона дар ин кишварро дар шабонарӯзи гузашта 304 тан эълом кард.
Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, бо фавти ин 304 нафар, теъдоди ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 65 ҳазору 359 нафар расид.
Дар шабонарӯзи гузашта ҳамчунин 25 ҳазору 582 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид – 19 дар Эрон шиносоӣ ва се ҳазору 98 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.
Подозрение на коронавирус  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Вазъи ташвишовари коронавирус дар Эрон: фавти 291 мариз дар як шабонарӯз
Дар маҷмуъ то кунун ду миллиону 143 ҳазору 794 нафар дар Эрон ба бемории корона мубтало шудааст, ки аз ин теъдод як миллиону 739 ҳазору 2 нафар аз беморон беҳбуд ёфтаанд.
Дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистон омори коронавирус тайи ҳудудуан 4 моҳ аст, ки ба сифр баробар аст.
Бино бар иттилои Вазорати тандурустӣ дар умум дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Лентаи хабарҳо
0