Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Маҳдудиятҳои баъди ковидӣ дар моҳи шарифи Рамазон - 2021 дар Тоҷикистон

Тоҷикистониён дар замони ҳамагирии коронавирус дар моҳи шарифи Рамазон бояд чанд қоидареро риоя кунанд
Дар Тоҷикистон 13 апрел моҳи шарифи Рамазон оғоз ёфт.
Ин моҳи муборак 30 рӯз давом мекунад. Дар ин давра мусалмонон вақти бештарро ба намоз, қироати Қуръон ва корҳои хайр сарф мекунанд.
Даъвати СҶБ аз рӯзадорон: дар моҳи Рамазон 7 қоидаро риоя кунед
Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 ба мусалмонон иҷозат дод, ки пас аз намози фарзи шаб намози дастаҷамъӣ баргузор кунанд.
Ҳамзамон, дар моҳи Рамазон дар Тоҷикистон як қатор маҳдудиятҳо идома хоҳанд ёфт.
Аз ҷумла, зимни масҷидравӣ, диндорон бояд ниқоб ва дастпӯшак дошта бошанду фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд.
Аз рӯза бе саҳархӯрӣ то нагирифтан дар муҳоҷират: посухи Шӯро ба суолҳои тоҷикистониён
Дар вақти намоз истифодаи ҷойнамози шахсӣ мувофиқи мақсад аст.
Ғайр аз ин, ситоди ҷумҳуриявӣ вазифадор шуд, ки масҷидҳоро мунтазам безарар гардонад ва ҳарорати ҳамаи намозгузоронро дар даромадгоҳ санҷад.
Моҳи шарифи Рамазон рӯзи 12 - май ба поён мерасад, рӯзи дигар, 13 - май иди Фитр баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала