Навори суҳбати Путин баъди гирифтани вояи дуюми ваксина

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия гуфт, ки худро пас аз эмгузаронӣ аз коронавирус хуб эҳсос мекунад ва ҳеч таъсири номатлубе ҷой надорад.
Президенти Русия Владимир Путин рӯзи чаҳоршанбе 14 апрел вояи дуввуми ваксина алайҳи коронавирусро гирифт.
“Ваксина гирифтаму тақрибан баъди 10 дақиқа ба толор омадам. Ина тавре мебинед, ҳама хуб аст. Эҳсос намекунам, ки чӣ ваксинае гирифтам. Пайомади номатлубе нест ва умед дорам, ки намешавад", - таъкид кард президенти Русия.
Путин афзуд, ки табибон пас аз вояи аввал дар ӯ иммунитети хуби зидди коронавирус ба қайд гирифтаанд. Ёдрас мешавем, ки президенти Русия қисми аввали ваксинаи коронавирусро 23 март гирифта буд.
Кремл нагуфт, ки Путин кадом ваксинаро гирифт, танҳо зикр намуд, ки истеҳсоли Русия буд. Феълан се навъи ваксина - "Спутник V", "ЭпиВакКорона" ва "КовиВак" дар Русия ба қайд гирифта шудаанд.
Истисно нест, ки Путин метавонист аз ваксинаи "Спутник V" истифода барад, зеро маҳз ҳамин ваксинаи коронавирус дар ду давра ва дар байни 21 рӯз гузаронида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала