Ноиби шаҳрдори Маскав аз нияти ифтитоҳи маркази муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт

Обуна шудан
Шаҳрдории Маскав аз ифттитоҳи марказҳои муҳоҷират дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон гуфт, ки ба ҷалби созмонёфтаи муҳоҷирон ба Русия машғул хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Владимир Ефимов, муовини шаҳрдори Маскав дар бахши сиёсати иқтисодӣ ва масоили замину моликият, ба хабарнигорон дар бораи ифтитоҳи як маркази махсус дар Тоҷикистон гуфт.
Бо мақсади таъмини равобити мунтазам, маркази муҳоҷират аллакай дар Ӯзбекистон намояндагии худро боз кардааст, гуфт муовини раиси шаҳри Маскав. Вай афзуд, ки ҳамин дафтар дар Тоҷикистон низ фаъол хоҳад шуд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
Супориши Раҳмон ба раҳбарияти Суғд барои коҳиши муҳоҷират: соҳибкоронро дастгирӣ кунед
Ин марказҳои муҳоҷират барои ҷалби коргарон бар асоси дархости корфармоён аз Русия фаъолият хоҳанд кард. Таъкид шудааст, ки марказҳои муҳоҷират барои ҷалб ва ворид шудани нерӯи корӣ ба Русия заруранд.
"Ин барои мо муҳим аст, зеро мо аллакай пешакӣ медонем, ки кӣ меояд. Аммо дар бораи пурра кушодани марзҳо суҳбат кардан ҳанӯз барвақт аст", - илова кард Ефимов.
Мақомдори Маскав изҳор доштааст, дурнамои рушди кори марказҳои муҳоҷират рӯшан мебошад, чун имкон медиҳад, ки қаблан корбарон вобаста ба ихтисос ҷалб карда шаванд.
Лентаи хабарҳо
0