Ноиби шаҳрдори Маскав гуфт, муҳоҷиронро мунтазиранд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузаштан ба хазинаи аксРеконструкция взлётно-посадочной полосы в аэропорту Новосибирска
Реконструкция взлётно-посадочной полосы в аэропорту Новосибирска - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Шаҳрдории Маскав мегӯяд, мунтазири ҳарчи зудтар бардоштани маҳдудиятҳо барои муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Лағви маҳдудиятҳо барои вуруди муҳоҷирон ба Маскав аз вазъи эпидемиологӣ вобаста аст, изҳор дошт Владимир Ефимов, ноиби шаҳрдори Маскав дар умури сиёсати иқтисодӣ ва моликияту замин.
“Мо бешак зарур медонем, ки маҳдудиятҳо барои вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ бояд бардошта шаванд”, - изҳор дошт ноиби раиси шаҳрдори Маскав.
Ефимов илова намуд, ки лағви пурраи маҳдудиятҳо аз мақомоти салоҳиятноки соҳаи эпидемиологӣ – “Роспортебнадзор” вобаста бошад.
Ӯ таъкид намуд, ки барои таъмини он иншооте, ки сахт ба нерӯи корӣ ниёз доранд, тартиби муайяни қабули қарорҳо амал мекунад.
Аз ҷумла барои ҳалли ин мушкил дар Ӯзбекистон маркази муҳоҷират ифтитоҳ шуда, дар Тоҷикистон низ дар назар аст, илова намуд, Ефимов.
Деловая встреча, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2020
Ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷир: кор барои тоҷикистониён дар Русия осон мешавад?
Ин марказҳои муҳоҷират барои ҷалби коргарон бар асоси дархости корфармоён аз Русия фаъолият хоҳанд кард. Ноиби шаҳрдори Маскав таъкид намуд, ки марказҳои мазкур заруранд, ҷониби Русия аллакай медонад, ки кӣ вориди қаламрави кишвар шудааст.
Ефимов илова намуд, ки ин марказҳо пас аз бекор кардани маҳдудиятҳои марбути пандемия низ корро идома медиҳанд, зеро онҳо ояндадоранд ва имкон медиҳанд, ки мутахассисони пешакиро барои ихтисосҳои мавҷуда интихоб кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала