То 25 дараҷа гармӣ: пешгӯии дақиқи обуҳаво барои 14 апрел

© Sputnik / Амир ИсаевЦветение деревьев в национальном саду в Душанбе
Цветение деревьев в национальном саду в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Обуна шудан
Ҳавои Тоҷикистон рӯзи 14 апрел тағйирёбанда шуда, то 25 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ҳавои ҷумҳурӣ имрӯз тағйирёбанда хоҳад буд.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳавои бебориш дар назар аст. Дамои ҳаво дар ғарби вилоят рӯзона 9 - 14 ва шабона 1 - 6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят бошад, рӯзона то 5 дараҷа гармӣ, аммо шабона 11-16 дараҷа ҳаво сард хоҳад шуд.
Подготовка ГБАО к Наврузу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Дар ВМКБ барф меборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик
Зимнан, дар Суғд низ ҳаво бебориш мешавад. Рӯзона 20-25 ва шабона 7-12 дараҷа гармшавии ҳаво пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ағбаҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8+10 ва рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0