Аз 300 кас то 4-ҳазордолларӣ гирифтанд: ошкорсозии пирамидаи молиявӣ дар Тоҷикистон

© Pixabay / Доллары
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Обуна шудан
Ин афрод бо ташкили пирамидаи молиявӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон беш аз 150 ҳазор доллари сокинонро гирифтаанд.
ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошти ду тан аз аъзои гурӯҳи ҷиноие барои ташкили пирамидаи молиявӣ дар кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои котиботи ин ниҳод, аз ҷониби намояндагони ҶДММ "Тозакор" дар шакли пирамидаи молиявӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон содир кардани ҷинояти қаллобӣ ошкор карда шуда, нисбати якчанд нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Здание МВД Республики Таджикистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Соҳибкори чинӣ аз марде ба ВКД шикоят бурд: 20 ҳазор долларамро надод
Тафтишот муайян кардааст, ки ин гурӯҳи ҷиноятӣ худро намояндаи ташкилоти хориҷии ҶДММ "Аффинаж" (Ltd"Affinage"), ки гуё бо ташкилотҳои ба истихроҷ, нигохдошт, коркард ва фурӯши нафт, газ, тилло ва дигар ашёи хом машғул буда ҳамкорӣ дорад, муаррифӣ намудаанд.
Онҳо бо ваъдаи додани фоидаи калон барои маблағгузорӣ ба ҶДММ "Аффинаж" зиёда аз 300 нафар шаҳрвандонро ҷалб намуда, аз онҳо дар ҳаҷми аз 100 то 4000 доллари ИМА ба суратҳисоби бонкҳои берун аз кишвари худ гузаронидаанд.
Маблағи умумии аз сокинон гирифташуда, зиёда аз 150 000 доллари ИМА гуфта мешавад.

"Айни ҳол, 2 нафар аз аъзои ин гурӯҳи ҷиноятӣ дастгир шуда, ҷустуҷӯи дигар нафарон идома дорад", - афзудааст манбаъ.

Ин ниҳод аз шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи фаъолияти ғайриқонунии ҶДММ "Аффинаж" (Тозакор) зарари моддӣ дидаанд ё ин ки оид ба фаъолияти ғайриқонунии ин гурӯҳи ҷиноятӣ маълумот доранд хостааст, ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат намоянд.
Лентаи хабарҳо
0