Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Путин дар бораи вазъи саломатиаш пас аз ваксинагирӣ гуфт

Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки худро пас аз эмгузаронӣ аз коронавирус чигуна эҳсос мекунад
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин пурра аз коронавирус эм гирифт. Имрӯз, чаҳоршанбе вояи дуввуми коронавирусро ба президент гузарониданд. Пас аз ваксиназанӣ Путин таъкид кард, ки худро хуб ҳис мекунад.
"Пайомади номатлубе нест ва умед дорам, ки намешавад", - таъкид кардааст президенти Русия.
Путин афзуд, ки пас аз вояи аввал дар ӯ иммунитети хуби зидди коронавирус ҳосил шуд.
Ёдрас мешавем, ки президенти Русия қисми аввали ваксинаи коронавирусро 23 март гирифта буд.
Президент РФ Владимир Путин во время прогулки в тайге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Владимир Путин ваксини дуюмро ҳам гирифт
Маълум нест, ки раисҷумҳур кадом ваксинаро интихоб кардааст, аммо гуфта мешавад, ки он истеҳсоли Русия аст.
Истисно нест, ки Путин метавонист аз ваксинаи "Спутник V" истифода барад, зеро маҳз ҳамин ваксинаи коронавирус дар ду давра ва дар байни 21 рӯз гузаронида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала