Бозори асъор: эълони қурби рубл, доллар ва евро нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон

Деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Имрӯз дар Тоҷикистон арзиши асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ боло рафтаву, рублу доллар бошад тайи чанд рӯзи ахир бетағйир мондаанд
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1464 сомонӣ нишон дода шудааст.
Қурби доллари амрикоӣ, ки ҳафтаи гузашта боло рафту пасон поин омад, давоми се рӯзи ахир дар марзи 11,3195 сомонӣ ист кардааст.
Тибқи маълумоти таблоҳои расмии БМТ, асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ боло рафтааст. Дар Тоҷикистон имрӯз барои як евро 13,4996 сомонӣ муқаррар шудааст.
Банкноты номиналом 1 доллар США. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Коршиносон гуфтанд арзиши доллар дар охири сол чӣ гуна хоҳад буд
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1480 - 0,1505 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1500 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1460 то 0,1530 сомонӣ нишон дода шудааст.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Купюры сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
"Амонатбонк” гуфт дар се моҳи соли равон чиқадар ва ба кӣ қарз додааст
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Падруд доллар: Русия вобастагии худро аз доллар кам дорад
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала