Шойгу сабаби интиқол додани нерӯҳои Русия ба марзҳои ғарбиро шарҳ дод - навор

Обуна шудан
Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу баргузории машқҳои низомиро омодагӣ ба таҳдидҳои НАТО арзёбӣ кард
Нерӯҳои ҳавзаҳои ҳарбии ғарбу ҷанубии Русия аз ҷониби вазорати мудофиаи ин кишар бидуни нақша, мавриди санҷиш қарор дода шуданд.
Зимнан, роҳбари ин ниҳод, Сергей Шойгу мақсади санҷиши ногаҳонии омодагии ҷангии нерӯҳои ҳавзаҳои ҳарбии Ғарб ва Ҷанубро посух ба таҳдидҳои НАТО арзёбӣ кард.
Вазири дифои Русия рӯшан кард, ки ин ба фаъолияти таҳдидомези НАТО вобаста аст.
"Дар ҷавоб, ду артиш ва се воҳиди десантӣ ба марзҳои ғарбии Русия мустақар шуданд", - таъкид намудааст Шойгу.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло тамрини низомиён идома дорад ва дар давоми се ҳафта, ҳарбиён омодагии комил ва қобилияти худро барои таъмини амнияти кишвар нишон медиҳанд.
Вазири мудофиа илова кард, ки тамрини низомиён боз ду ҳафтаи дигар идома мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки муносибати Русия ва Амрико пас аз сари қудрат омадани Ҷо Байден якбора сардтар шуд.
Ҳарчанд дар аҳди Трамп низ муносибати Русиву Амрико чандон хуб набуд, вале на ба ҳадде, ки ҳоло Байден онро расондааст.
Лентаи хабарҳо
0