Панҷ рӯз ва ҳазорҳо низомӣ: тафсилоти тамриноти низомии Тоҷикистону Русия

© Пресс-служба ЦВОРоссийские и таджикские военнослужащие отбили атаку НВФ и заблокировали его в горах на совместном учении в Таджикистане
Российские и таджикские военнослужащие отбили атаку НВФ и заблокировали его в горах на совместном учении в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Обуна шудан
Низомиёни Русия ва Тоҷикистон охири моҳи апрел тамринҳои муштарак баргузор мекунанд
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Тамринҳои муштараки Тоҷикистон ва Русия аз 19 то 23 апрел баргузор мешаванд, хабар медиҳад Округи марказии ҳарбии Русия.
Ба гуфтаи сарфармондеҳи қӯшунҳои Округи марказии ҳарбии Русия генерал-полковник Александр Лапин, дар машқҳо бештар аз 3,5 ҳазор низомии пойгоҳи низомии 201 Русия ва қӯшунҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ширкат мекунанд.

"Давраҳои тамринҳо дар машқгоҳи Ҳарб-Майдон, Момирак ва Самбулӣ баргузор мешавад. Низомиёни ду кишвар масъалаҳои омодагии ҳарбӣ ва истифодаи муштараки қӯшунҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои таълимиву ҷангиро тамрин мекунанд".

Командующий войсками Центрального военного округа РФ, генерал-лейтенант Александр Лапин - Sputnik Тоҷикистон
Александр Лапин
сарфармонеҳи қӯшунҳои Округи марказии ҳарбии Русия
Дар ҳамин ҳол, аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар дар Тоҷикистон ҳудуди 2,5 низомӣ ширкат мекунанд.
Дар ин тамринҳо то 400 воҳиди техникаи низомӣ ва махсус, аз ҷумла ҳавопаймоҳои Су-25SM, чархболҳои Ми-24 ва Ми-8, тонкҳои Т-72, ​​мошинҳои ҷангии пиёда, зиреҳпӯшҳо, системаҳои мушакии сершумори "Град" ширкат хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0