Дар Тоҷикистон Феҳрасти давлатии захираҳои сайёҳӣ таҳия мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевТуристические палатки на поляне Москвина в Таджикистане
Туристические палатки на поляне Москвина в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар Кадастри давлатии захираҳои сайёҳӣ таҳия мешавад, ки маълумоти боэътимод дар бораи иншооти гуногунро фаро хоҳад гирифт
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории байниидоравӣ барои таҳияи лоиҳаи Кадастр ё худ Феҳрасти давлатии захираҳои сайёҳии ҷумҳурӣ бо ҳузури роҳбарони мақомоти бахши фарҳанг, ҳифзи муҳити зист ва Академияи миллии илмҳо баргузор шуд.
“Мақсади асосии таҳияи Кадастри давлатии захираҳои сайёҳии Тоҷикистон дастрасии маълумоти боэътимод оид ба ҷойгиршавӣ, ҳолат ва истифодабарии объектҳои сайёҳӣ аз ҷиҳати табиӣ, ҳуқуқӣ ва хоҷагидорӣ, инчунин танзиму истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои таърихию фарҳангӣ ва табиию фароғатӣ мебошад”, - омадааст дар иттилоияи Кумита.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи корӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.
Тибқи иттилои Кумита, масъулин ҳамчунин ворид намудани объектҳои таърихию фарҳангӣ ва табииро ба лоиҳаи Кадастри давлатии захираҳои сайёҳӣ баррасӣ кардаанд.
Турист фотографирует пейзажи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Таъсиси се ширкати нави сайёҳӣ дар Тоҷикистон
“Инчунин ворид намудани ҳудудҳои табии махсус ҳифзшаванда, аз ҷумла мамнуъгоҳҳо, парваришгоҳҳо), ворид намудани иншооти саноатӣ (стратегӣ) ба лоиҳа, танзими объектҳои мансубияташон хусусӣ ва муайян намудани тартиби таъмини истифодаи мақсадноки захираҳои сайёҳӣ ва ҳифзу нигоҳдории онҳо муҳокима шуданд”, - таъкид кард Кумита.
Илова гардид, ки таҳияи Кадастри давлатии захираҳои сайёҳӣ дар таҳрири нав на танҳо ба самаранок истифода гардидани иншоотҳои сайёҳӣ аз лиҳози иқтисодӣ имконият медиҳад, балки маълумоти ҷамъоваригардида чун манбаи асосии боэътимод хидмат мекунад.
Иттилои ҷамъгардида дар феҳраст метавонад дар таҳияи санадҳои соҳавӣ, татбиқи лоиҳаҳои рушд, таҳияи хатсайрҳои сайёҳӣ, ҳамчун роҳнамои боэътимод хизмат расонида, танзим, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои нодири таърихию фарҳангӣ ва табииро таъмин менамояд, таъкид кард Кумитаи сайёҳӣ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала