Замони бозиҳои Лигаи якуми Тоҷикистон муайян гардид

© Sputnik / Амир ИсаевМатч между сборными Таджикистана и Монголии по футболу
Матч между сборными Таджикистана и Монголии по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Дар мавсими нави Лигаи якуми Тоҷикистон, ки он аз ду давр иборат мебошад, 12 даста бозӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дирӯз дар Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии тақвими бозиҳои қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои Лигаи аввал баргузор шуд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон гузориш додааст.
Гуфта мешавад, мавсими нави Лигаи якуми Тоҷикистон аз ду давр иборат мебошад.
Футбольный матч, душанбинский Истиклол против турсунзадевского Регар-ТадАЗом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Футболбозони “Истиқлол” дар Саудӣ бо қаҳрамонҳо сабқат мекунанд
"Дар он 12 даста, аз ҷумла "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода, "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, "Саройкамар"-и ноҳияи Панҷ, "Исфара"-и шаҳри Исфара, "Барқчӣ"-и шаҳри Ҳисор, "Ваҳдат"-и шаҳри Ваҳдат, "Ҳулбук"-и ноҳияи Восеъ, "Моҳир"-и ноҳияи Ёвон, "Равшан"-и ноҳияи Зафаробод, "Ҳосилот"-и ноҳияи Фархор, "Динамо"-и шаҳри Душанбе ва "Пахтакор"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ширкат хоҳанд варзид", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Ҳамин тавр, 24-25 апрел, дар давраи аввал, Ҳосилот" (Фархор) – "Равшан" (Зафарабод), "Барқчӣ" (Ҳисор) – "Ваҳдат" (Ваҳдат), Пахтакор" (Ҷаббор Расулов) – "Панҷшер (Ҷалолиддин Балхӣ), "Саройкамар" (Панҷ) – "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода), "Исфара" (Исфара) – "Динамо" (Душанбе), "Ҳулбук" (Восеъ) – "Моҳир" (Ёвон) ба майдон мебароянд.
Ёдовар мешавем, ки қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи аввал дар мавсими соли 2021 аз 24 апрел оғоз меёбад. Тибқи низомнома, ду дастаи беҳтарини охири мавсим ҳуқуқи соли оянда дар Лигаи олии Тоҷикистон бозӣ кардан доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала