Таъсиси нашриёти "Шарқи Озод": 15 апрел дар таърих

© Sputnik День 15 апреля
День 15 апреля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Рӯзи понздаҳуми апрел Рӯзи умумиҷаҳонии фарҳанг ва ҳамзамон Рӯзи донишҳои экологӣ мебошад. Дар ин рӯз соли 1996 Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфтааст

Рӯзи 15 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1951 дар Лондон нахустин чорабинии интихоби "Зебосанами ҷаҳон" доир гашт.

Рӯзи 15 апрел дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1926 анҷумани якуми Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон баргузор гардид.
Соли 1985 нашриёти "Шарқи Озод" таъсис ёфт.
© Sputnik Амир ИсаевГазетно-журнальный комплекс "Шарки Озод". Архивное фото
Газетно-журнальный комплекс Шарки Озод. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Газетно-журнальный комплекс "Шарки Озод". Архивное фото
Соли 1996 Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфтааст.
Соли 2011 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳокима тарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"-ро пешниҳод намуд.
Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии ислоҳоти кишоварзӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Адилбек Ҷаксибековро ба ҳузур пазируфт.
День 13 апреля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Писарбачаи 13-сола номзади илмҳои фалсафа шуд : имрӯзи таърих
Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ мулоқот намуд.
Соли 2014 дар кӯчаи Дӯстматови шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди чарм ва истеҳсоли либосу пойафзол аз он, инчунин корхонаи қубурҳои пластикии калонқутр ба кор дароварда шуд..

Ҷашнҳои рӯзи 15 апрел

Рӯзи ҷаҳонии фарҳанг.
Рӯзи донишҳои экологӣ.

Рӯзи 15 апрел дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1869 — шарқшиноси машҳур ва муҳаққиқи Осиёи Марказӣ, академик Василий Бартолд.
Соли 1939 — овозхон Гулрафтор Шаҳҳообова.
Соли 1943 — рӯзноманигор Лутфишоҳи Додо.
Соли 1947 — нависандаи мардумии Тоҷикистон, драматург Барот Абдураҳмон.
Соли С1948 — хормейстер, ҳунарманди мардумии Холаҳмад Маҷидов.
Соли 1953 — ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Фотима Тураева.
Соли 1954 — ҳунарманди театр Фирӯз Умаров.
Соли 1958 — муовини якуми раиси ҲХДТ, сиёсатшинос Саидмурод Фаттоҳзода.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала