Анн Линдеро “Узвияти Тоҷикистонро дар САҲА дар сатҳи баланд арзёбӣ мекунем”

Глава ОБСЕ Анн Линде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Қасри миллат Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия — Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Анн Линдеро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, дидору гуфтугӯ кард
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Хонум Анн Линдеро, пас аз мулоқот ба хабарнигорон гуфт, ки дар мулоқот доираи васеи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо Шветсия, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
“Мо ҳамчунин вазъро дар минтақа ва Афғонистон баррасӣ намудем”, — гуфт Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо.
Ба гуфтаи Анн Линдеро, сафар ба Душанбе нишонаи он аст, ки мо чи гуна ба муносибатҳои байни САҲА ва Тоҷикистон эътибори хосса медиҳем.
“Мо узвияти Тоҷикистонро дар САҲА дар сатҳи баланд арзёбӣ мекунем. Ба Тоҷикистон барои дастгириҳои ҳамаҷониба ва ҳамкории пурмаҳсул бо САҲА миннатдории бепоёни худро изҳор медорам”, - таъкид дошт Раиси амалкунандаи САҲА дар Аврупо Анн Линдеро.
Ҳамзамон Анн Линдеро таъкид намуд, ки дар мулоқот масъалаҳои афзалиятноке, ки аз давраи раёсати Шветсия дар САҲА бармеоянд, баррасӣ шуданд.
Глава ОБСЕ Анн Линде и президент Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Роҳбари САҲА ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ кард
“Имрӯз иштироки занон дар ҷараёни рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳар як кишвар ниҳоят муҳим аст, то онҳо ҳам имконияти саҳм гузоштан дар ҳалли масъалаҳои гуногунро пайдо намоянд. Ман хушҳол аз он ҳастам, ки Тоҷикистон Барномаи миллиро дар бобати баланд бардоштани мақому манзалати занон қабул ва амалӣ менамояд”, — афзуд Раиси амалкунандаи САҲА.
Вай илова кард, ки доираи мулоқот инчунин масъалаи лоиҳаҳои гуногун, ки аз ҷониби CАҲА дар Тоҷикистон амалӣ гардида истодаанд, баррасӣ шуданд.
Лоиҳаҳои САҲА дар Тоҷикистон фарогири масъалаҳои муҳим, аз қабили идоракунии захираҳои об, баланд бардоштани малакаҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сарҳад дар доираи Коллеҷи сарҳадии САҲА дар Тоҷикистон мебошанд. Барномаҳои САҲА ба масъалаҳои пешгирии экстремизми зӯроварона, ки дар натиҷа ба терроризм оварда мерасонад ва ҳамбастагии онҳо бо масоили ҳуқуқи инсон равона шудаанд.

“Умедворам, ки дар оянда ҳамкории САҲА ва Тоҷикистон, инчунин Шветсия бо Тоҷикистон боз ҳам ба сатҳи баланд бардошта мешавад”,-гуфт хонум Анн Линдеро.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Анн Линдеро бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот карда буд. Ҷонибҳо ҳамкорӣ дар доираи САҲА-ро муҳокима карданд.
Вазири корҳои хориҷӣ гуфт, ки Тоҷикистон САҲА-ро ҳамчун як платформаи муҳим барои муколамаи созанда мешуморад ва ба тавсеаи робитаҳои дуҷониба дар шароити ҳарбӣ-сиёсӣ ва иқтисодӣ-экологӣ манфиатдор аст.
Ёдовар мешавем, ки роҳбари САҲА Анн Линде дар доираи сафараш ба Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон омадааст.
Встреча главы МИД Таджикистана Сироджиддина Мухриддина и председателя ОБСЕ Анн Линде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Роҳбари САҲА вориди Тоҷикистон шуд
Дар мавриди муносиботи Тоҷикистон бо намояндагии САҲА бошад, он моҳи сентябри соли 2016, замоне, ки ҳайати Тоҷикистон ҷаласаи САҲА оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшаваро, ба хотири иштироки аъзоёни ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, тарк кард, хароб шуд.
Соли 2017 дафтарҳои САҲА дар чанд шаҳри Тоҷикистон баста шуданд ва ваколати Дон ба Дафтари барномаҳо иваз карда шуд.
Бори охир роҳбари САҲА Мирослав Лайчак моҳи майи соли 2019 ба Тоҷикистон ташриф оварда буд.
Лентаи хабарҳо
0