Бозори “Панҷшанбе”- и Хуҷанд, дубора хусусӣ шудааст

© Sputnik / Стас ЭтвешРынок панчшанбе в городе Худжанд, архивное фото
Рынок панчшанбе в городе Худжанд, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Бозори “Панҷшанбе” и Хуҷанд, ки як солу се моҳ ба ин тараф аз сӯи Иттифоқи “Тоҷикматлубот” идора мешуд, дубора хусусӣ шуд
ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Хабари дубора хусусӣ шудани “Панҷшанбе”- ро манобеи бозор таъйид карданд.
Яке аз соҳибкорони бозор дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сар аз 1 апрели соли ҷорӣ бозор дубора хусусӣ ва дар пайи ин ҳолат, раиси он таъйин карда шудааст.

“Хуршеда Бобоева, ки аз тарафи Иттифоқи “Тоҷикматлубот” раиси “Панҷшанбе” таъйин шуда буданд, ҳоло аз ин мақом барканор ва ба ҷойи ӯ, Ибодулло Нуриддинов раиси нави бозор таъин гардидааст. Бобоева ҳоло ба сифати муовини раиси бозор фаъолият дорад”, - гуфт соҳибкор.

Ин манбаъ дар бораи соҳибмулки нави бозор изҳори бехабарӣ кард, вале гуфт, ки ҳоло номи он ба ҶДММ “Бозори Панҷшанбе” - и шаҳри Хуҷанд иваз шудааст.
Базар Панчшанбе в городе Худжанде Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Қарори Додгоҳи иқтисодӣ: соҳиби бозори "Панҷшанбе" баъди 20 сол иваз шуд
Қаблан ин бозор таҳти идораи Идораи Тоҷикматлубот қарор дошт ва номаш ҳам ҶДММ “Бозори Панҷшанбе” - и Иттифоқи Тоҷикматлубот дар шаҳри Хуҷанд буд.
Бозори марказии “Панҷшанбе” - и Хуҷанд соли 1964 бунёд шуда, соли 1998, баъд аз 34 соли фаъолияташ бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ва хароб шудани вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар кишвар муфлис гардида, аз ҷониби ҶСП “Фортуна” хусусӣ шуда буд.
Вале дар поёни соли 2019 Иттифоқи “Тоҷикматлубот” дар бораи дубора ба мувозинати худ гирифтани ин бозор ба суд муроҷиат кард.
Суди иқтисодӣ ҳам барои ба тобеияти идораи “Тоҷикматлубот” гузаштани бозори “Панҷшанбе” қарор қабул намуда, масъулони онро барои пардохти 3 миллиону 385 ҳазор сомонӣ ҷуброн ба ҷамъияти “Фортуна” вазифадор намуд.
Афзоиши нархи равған дар бозорҳои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Нарх дар бозорҳои Тоҷикистон
Нархи равған дар бозорҳои Суғд, дар арафаи Рамазон қариб ду баробар боло рафт
Аммо масъулони “Фортуна” чунин нархгузории додгоҳиро бар ивази ин яке аз калонтарин бозорҳои Тоҷикистон “арзиши ночиз” гуфта буданд.
Зимнан маълум нест, ки бо гузашти бештар аз як сол “Тоҷикматлубот” ба чи қиммат бозори “Панҷшанбе” - ро ба ширкати хусусӣ додааст.
Бозори “Панҷшанбе” яке аз бузургтарин бозорҳо дар Осиёи Миёна гуфта мешавад, ки дар ду ошёнаи он 1280 соҳибкор фаъолият мекунад.
Бозори мазкур аз тарафи шарқ бо мавзеи “Регистон”-и Хуҷанд, ки дар пешгоҳи масҷиди Шайх Маслиҳатдин воқеъ аст, пайваст буда, аз қисми ҷануб бо кӯчаи Шарқ ва дар рӯ ба рӯи "Афғонбозор" ҷойгир шудааст.
Аз тарафи шимол бо маҳалли аҳолинишин ҳамсарҳад аст. Бозор дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгир мебошад ва яке аз шукӯҳҳои шаҳрдории ин марзи қадим ба ҳисоб меравад.
Аз тарафи ғарбу шарқи бозор ду дарвоза (даромадгоҳ)-и ба ҳамдигар хеле шабеҳ, ки намуди гунбазро доро мебошад, даромадгоҳҳои асосии сокинону меҳмонон ва тоҷирон мебошад. Сақфи даромадгоҳ аз гаҷкорӣ, гулкорӣ ва нақшу нигори миллӣ иборат буда, нигораҳои он аз ороиши миллии ниёгони мо дарак медиҳад.
Чунин нақшу нигорро рассомон ва графологҳо ба навъи нақшу нигори ориёӣ мансуб медонанд. Зеро дар пайвасти нигораҳо ноаён метавон мушоҳида намуд, ки герби ориёиҳои қадима ба ҷилва медарояд.
Бозори Панҷшанбе-и шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2020
Бозгашти бозори “Панҷшанбе” ба молики пешин: "Фортуна" аз нарх норозист
Сохти дохилии он низ бо сутунҳои баланду боло ва сақфи кошинкории махсусу беназир, ки шакли "ҷӯйбори чаппа"-ро дорост, сохта шудааст. Аҷобат дар он аст, ки пиромуни даври бозор аз ду ошёна иборат буда, мобайни бозор якошёна аст.
Вақте кас аз ошёнаи дуввум ба маркази бинои бозор назар мекунад, бемалол шоҳиди равуо ва хариду фурӯши сокинону тоҷирон мегардад.
Сохтмони бозори "Панҷшанбе" миёнаи солҳои 50-уми асри XX сурат гирифтааст. Пирони рӯзгордида нақл мекунанд, ки рӯзи ифтитоҳи бозор ва нахустин рӯзи савдову хариди тоҷирон ва сокинон ба рӯзи панҷуми ҳафта, яъне рӯзи панҷшанбе иттифоқ афтодааст.
Аз ин рӯ, аз ҳамон лаҳза онро бозори "Панҷшанбе" ном бурданд.
Ин аст, ки тӯли тақрибан 70 сол бозори мазкур дар Осиёи Миёна аз ҳама бозори калонтарини шакли пӯшида эътироф мегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала