Нахустин кишвари аврупоӣ расман истифодаи ваксинаи AstraZeneca -ро қатъ мекунад

© AFP 2023 / JOEL SAGETВакцина AstraZeneca
Вакцина AstraZeneca - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Обуна шудан
Дания аз нахустин кишварҳои аврупоӣ шуд, ки расман аз эмгузаронӣ ба ваксинаи AstraZeneca комилан даст кашад
ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Ваксинаи ширкати дорусозии AstraZeneca дар Дания комилан хориҷ карда шуд, хабар медиҳад раёсати тандурустии маҳаллӣ.

"Мақомоти тандурустии Дания тасмим гирифт, ки барномаи эмгузаронии COVID-19-ро бидуни ваксинаҳои AstraZeneca идома диҳад", - гуфт вазорат дар изҳороте.

Онҳо тавзеҳ доданд, ки ин тасмим дар заминаи шубҳаҳо дар бораи мавҷудияти оқибатҳои ҷиддии пас аз эмкунӣ бо доруи номбурда гирифта шудааст.
Рӯзи 6 апрел сухангӯи Агентии доруҳои Аврупо робитаи байни ваксинаҳои AstraZeneca ва ҳолатҳои тромбозро эълон кард.
Ба гуфтаи сардори шӯъба, таҳдидҳо ба саломатӣ ва стратегияҳои эмгузаронӣ, Марко Кавалери, дар ҳоле ки ин пайванд вуҷуд дорад, чӣ гуна рух додани он як асрор боқӣ мемонад.
Вакцина от коронавируса AstraZeneca - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар ИМА истеҳсоли ваксинаи AstraZeneca қатъ карда шуд
Вай эълом дошт, ки Агентии доруҳои Аврупо дар ояндаи наздик барои баррасии ин масъала мулоқот хоҳад кард.
Аввалин гузоришҳо дар бораи таъсири манфии AstraZeneca моҳи март пайдо шуданд. Нахуст дар Австрия яке аз эмгирифтаҳо боваксини мазкур дучори тромбоз шуд ва пас аз даҳ рӯз фавтид. Эмшудаи дигар низ бо ҳамин ташхис дар беморхона бистарӣ шуд.
Дар Британияи Кабир, то санаи 24 март, 30 ҳодисаи номатлуб ва ҳафт марг ба қайд гирифта шудааст.
Аз он вақт инҷониб, баъзе кишварҳо тасмим гирифтанд, ки аз эмгузаронӣ бо AstraZeneca худдорӣ кунанд, дар дигар кишварҳо маҳдудияти синну сол ҷорӣ карда шудааст.
Директор больницы Ибни Сино, Абдухалил Холикзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
"Набояд шитоб кард": Холикзода пешниҳоди мавқуф гузоштани эмкунӣ бо AstraZeneca кард
Қаблан гуфта мешуд, ки Иттиҳоди Аврупо маълумот дар бораи таъсирҳои нави эҳтимолии AstraZeneca -ро меомӯзад.
Дасткашии кишварҳои аврупоӣ аз ин ваксина дар ҳолест, ки эмгузаронӣ бо он дар Тоҷикистон идома дорад.
Абдухалил Холиқзода, раҳбари Бемористиони Ибни Сино дар Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки беҳтар аст дар масъалаи эмгузаронӣ шитоб накунем ва хулосаҳи ниҳоиро дар бораи ин ваксина интизор шавем. Ӯ гуфт агар ин ваксин қобили эътимод дониста нашавад, бояд аз он даст кашид ва ташкилоти Covax доруи дигар дархост кард.
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Сабти ду фавти дигар пас аз гирифани ваксинаи AstraZeneca дар Норвегия
Ёдовар мешавем, ки 8 марти соли 2021 дар доираи механизми COVAX Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, нахустин бастаи ваксинаи AstraZeneca ба миқдори 192 ҳазор воя тавассути парвози махсуси "Сомон Эйр" аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол ёфт.
Зимнан, пас аз тасвиб шудани қарори кишвардори Тоҷикистон, расман сар аз 23 март маъракаи эмгузаронӣ дар ҷумҳурӣ оғоз ёфт.
Лентаи хабарҳо
0