Некӣ мекарду ба дарё меандохт: даргузашти соҳибкори тоҷик дар Туркия - акс

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Соҳибкори тоҷик, ки бо саховатмандиаш номвар гашта буд, ҳамагӣ 45 сол дошт
ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Соҳибкори тоҷик Дилшод Басир дар пайи беморӣ дар шаҳри Истамбули Туркия даргузашт.
Дар ин бора расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд.
Соҳибкор ҳамагӣ 45 сол дошт ва ба гуфтаи огоҳони қазия, аз беморӣ азият мекашид.
Дӯстонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки ӯ бо саховатмандияш ва дастгириҳояш аз тоҷикистониён номвар гашта буд. "Некӣ мекарду ба дарё меандохт".
Дилшод Басир мудири кулли ширкати "Глобал Моторс" ва писари шоири шаҳрӣ Басир Расо буд.
"Унвони зиёд надошт, мухлиси зиёд дошт”: даргузашти Қиёмиддин Чақалов
Ба гуфтаи наздиконаш, хонаводаи Дилшод чанд сол пеш ба Истамбул кӯчида ва зиндагӣ дар Туркияро ихтиёр карда буданд.
Феълан пайвандонаш мехоҳанд тобути соҳибкори ҷавонмарги тоҷикро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала