Дархости воридкунандагони сӯзишворӣ аз Эмомалӣ Раҳмон: ба мо ҳам имтиёз диҳед

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкАЗС в Москве
АЗС в Москве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Обуна шудан
Аъзои Ассотсиатсияи воридкунандагони нафту гази Тоҷикистон аз раисумҳурии Тоҷикистон дархост кардаанд, ки барои арзон шудани қимати сӯхт дар ин кишвар ба онҳо имтиёзоти яксон бо Агентии давлатии захираҳо ва таъминоти ин кишвар эъто кунад
ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Дар ин дархост Ассотсиатсияи воридкунандагони нафту гази Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳамон, раисҷумҳури кишвар хостааст, ки барои ширкатҳои воридкунандаи сӯхт ба Тоҷикистон ҳамон имтиёзотеро диҳанд, ки ба Агентии давлатии захираҳо ва таъминот дода шудааст.
Дар дархости Ассотсиатсияи воридкунандагони нафту гази Тоҷикистон омадааст, ки 18 ширкати воридкунандаи сӯхт ба Тоҷикистон солона 80 дарсади бензин, дизел ва гази моеъи мавриди ниёзи ин кишварро ворид ва як миллиард сомонӣ молиёт пардохт мекунанд, аммо Агентии давлатии захираҳо ва таъминот, ки дар маҷмӯъ 3 дарсад аз сӯхти мавриди ниёзро вориди Тоҷикистон мекунад, аз имтиёзоти молиётӣ ва гумрукии зиёде бархӯрдор аст.
Дмитрий Гусев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Гусев тавзеҳ дод, ки чаро Тоҷикистон бо камбуди бензин рӯбарӯ шудааст
Аъзои ин анҷуман таъкид кардаанд, ки бо тавваҷуҳ ба гарон шудани қимати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, ки акнун ҳар литр бензин ва дизел аз 7 сомониву 40 дирами қаблӣ ба 8 сомониву 50 то 70 дирам расидааст, танҳо роҳи коҳиши қиматҳо эътои тасҳилоту тахфифҳои андозӣ ва гумрукӣ аст.
Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон дар соли 2020 аз Русия ва Қазоқистон 430 ҳазор тонна гази моеъ, 180 ҳазор тонна бензин ва беш аз 250 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ворид кардааст.
Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Тоҷикистон аз барномарезӣ барои воридоти сӯхт ба арзиши 550 миллион доллар дар соли 2021 хабар додаанд.
Лентаи хабарҳо
0