Бозуи пурқувват: дастаи Суғд ғолиби Қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ гардид

© Фото : Аз равобити умумии ВКД ҶТСабқати дастхобонӣ дар Спитамен
Сабқати дастхобонӣ дар Спитамен - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Дастаи вилояти Суғд бо гирифтани 9 медали тилло, 11 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ дар Қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ пирӯз шуданд
ДУШАНБЕ, 15 апрел - Sputnik. Дастаи вилояти Суғд ғолиби Қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ гардид.
Ин вилоятро дар сабқат 32 варзишкор аз ҷумла 12 нафар бонувон намояндагӣ карданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо истинод ба Федератсияи дастхобонии Тоҷикистон.
"Дастаи вилояти Суғд бо гирифтани 9 медали тилло, 11 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ ҷои аввалро сазовор гардиданд", - омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавд, ки қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ дар толори "Зӯрхона"-и шаҳри Душанбе байни варзишгарони дастаҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Город Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Суғд беҳтарин вилояти Тоҷикистон дониста шуд
Би иттилои манбаъ, сабқати ҷумҳуриявии дастхобонӣ ба муносибати таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст.
Ба таъкиди масъулини мусобиқа, ҳадаф аз баргузории чемпионат- тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, рушди ин намуди варзиш ва пешгирии зуҳуроти номатлуб миёни ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Ёдрас мешавем, ки пештар дастаи вилояти Суғд, дар озмуни ҷумҳуриявии гулҳо зери унвони “Сайри гули лола” дар шаҳри Душанбе, дониста шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала