Роҳбари САҲА ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаГлава ОБСЕ Анн Линде и президент Эмомали Рахмон
Глава ОБСЕ Анн Линде и президент Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Роҳбари Созмони Ҳамкорӣ ва Амният дар Аврупо Анн Линде аз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди мушкилоти ҷаҳонии об пуштибонӣ кард
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар бо раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Анн Линдеро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, мулоқот кардааст.
Дар мулоқот президенти Тоҷикистон бо Ан Линдер маҷмуъи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Подшоҳии Шветсия, ҳамчунин робитаҳо дар доираи Созмони ҳамкорӣ ва амният дар Аврупо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Президенти кишвар гуфтааст, ки Тоҷикистон ба пешбурди ҳамкориҳо бо Шветсия ҳамчун шарики боэътимод дар Аврупо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад, хабар додааст котиботи раисиҷумҳур.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и министр иностранных дел Ирана Мохаммад Джавад Зариф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Мулоқоти Зариф ва Раҳмон: чӣ гуфтанд?
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо таҳкиму густариши ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро дар соҳаҳои мухталифи сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, маориф, амният ва тағйирёбии иқлим, зарур шумурданд.
Анн Линде, дар навбати худ, ҷониби Тоҷикистонро дар пешбурди мушкилоти ҷаҳонии об дастгирӣ кард ва аз ташаббуси Президент дар бораи "Соли Умумиҷаҳонии Ҳифзи пиряхҳо" таъкид кард.
Дар мулоқот ҳамзамон вазъи кунунии робитаҳои Тоҷикистон бо САҲА дар доираи се ченаки фаъолияти Созмон - сиёсию низомӣ, иқтисодию экологӣ ва инсонӣ муҳокима гардидааст.

"Вобаста ба паёмадҳои короновирус пешниҳод гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ САҲА барномаҳои марбутаи худро ба коҳиш додани паёмадҳои вируси нави сироятӣ равона сохта, кӯмакҳои амалӣ ва техникиро дар ин самт зиёд гардонад", - афзудааст манбаъ.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳалли масъалаҳои доғи рӯз, пешгирӣ ва аз байн бурдани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили муқовимат ба терроризму экстремизм ва маблағгузории онҳо, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳи сабук, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Ёдрас мекунем, ки қаблан Анн Линде бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот карда буд. Ҷонибҳо ҳамкорӣ дар доираи САҲА-ро муҳокима карданд.
Вазири корҳои хориҷӣ гуфт, ки Тоҷикистон САҲА-ро ҳамчун як платформаи муҳим барои муколамаи созанда мешуморад ва ба тавсеаи робитаҳои дуҷониба дар шароити ҳарбӣ-сиёсӣ ва иқтисодӣ-экологӣ манфиатдор аст.
Встреча главы МИД Таджикистана Сироджиддина Мухриддина и председателя ОБСЕ Анн Линде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Роҳбари САҲА вориди Тоҷикистон шуд
Ёдовар мешавем, ки роҳбари САҲА Анн Линде дар доираи сафараш ба Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон омадааст.
Дар мавриди муносиботи Тоҷикистон бо намояндагии САҲА бошад, он моҳи сентябри соли 2016, замоне, ки ҳайати Тоҷикистон ҷаласаи САҲА оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшаваро, ба хотири иштироки аъзоёни ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, тарк кард, хароб шуд.
Соли 2017 дафтарҳои САҲА дар чанд шаҳри Тоҷикистон баста шуданд ва ваколати Дон ба Дафтари барномаҳо иваз карда шуд.
Бори охир роҳбари САҲА Мирослав Лайчак моҳи майи соли 2019 ба Тоҷикистон ташриф оварда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала