Мирзиёев як қатор мансабдоронро сабукдӯш карду талаб намуд, ки маошро баргардонанд

© Пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиёев
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Кишвардор ба хизматчиёни давлатӣ амр дод, ки ҳамаи маблағе, ки дар замони ишғоли вазифа гирифта буданд, ба давлат баргардонанд
ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чанд мансабдорро аз кор сабукдӯш кард ва ба онҳо амр дод, ки тамоми музди меҳнати ҳангоми кор дар муассисаҳои давлатӣ гирифтаро ба давлат баргардонанд, менависад Sputnik Ӯзбекистон.
Ба иттилои манбаъ, Мирзиёев ин нуктаро аснои ҷаласае дар мавриди таъмин намудани ҷавонон бо ҷойи кор, қайд кард.
Президент барои кори ғайриқаноатбахш ва муносибати хунукназарона ба кор, ҳокимони минтақаи Фурқати вилояти Фарғонау Улуғнори вилояти Андиҷон ва инчунин муовини раиси вилояти Сурхондарёро аз вазифа сабукдӯш кард.
Выборы президента Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Дар Ӯзбекистон омодагӣ ба интихоботи президентӣ оғоз шуд
Ғайр аз ин, прокурорҳо, сардорони Раёсати корҳои дохилӣ, сардорони нозироти андоз, намояндагони Палатаи савдо ва саноат дар баъзе минтақаҳои кишвар аз вазифаҳояшон маҳрум шуданд.
Раҳмон Самариддин Ализодаро, ки як навораш боиси хандаи корбарон шуд, барканор кард
Хабар дода мешавад, ки қаблан Мирзиёев ба мансабдорон дастур дода буд, ки дар доираи барномаи "1 + 1", 100 ҳазор нафар ҷавононро омӯзонида ва ба онҳо қарзҳои имтиёзнок диҳанд, аммо мансабдорон ба сабаби хунукназарӣ натавонистанд супоришро иҷро кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала