Нокаутҳои дидании варзишкорони ИДМ дар UFC - видео

Обуна шудан
Шумо имкон доред нокаутҳои Валентина Шевченко, Петр Ян, Ислом Махачев ва дигар варзишкорони номиро арзёбӣ кунед
Дар канали UFC Русия ҳунарнамоии варзишкорон аз кишварҳои пасошӯравӣ нашр шуд.
Аз навор дида мешавад, ки чӣ гуна Валентина Шевченко варзишкори амрикоӣ Ҷессика Айроро ба сахттарин нокаут лагадкӯб кард.
Вай муддати дароз ба худ омада натавонист ва базӯр ба пойҳои худ меистод.
Ин набард тобистони соли 2019 баргузор шуд ва аввалин сабқати варзишкори қирғиз барои ҳимояи унвони қаҳрамонӣ буд.
Ёдовар мешавем, ки ба қарибӣ Валентина Шевченко бори панҷум унвони қаҳрамони UFC -ро ҳимоя мекунад.
Лентаи хабарҳо
0