Болоравии рублу доллару евро дар Тоҷикистон: Бонки миллӣ қурби асъори хориҷиро эълон кард

Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Дар Тоҷикистон арзиши рубли русӣ пас аз якбора поинравӣ, имрӯз дигарбора дорад гаронтар мешавад
ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард, ки тибқи нишондод асъори миллӣ дар ҳоли заифшавист.
Ҳамин тавр, имрӯз тибқи нишондоди Бонки миллӣ як доллар дар Тоҷикистон 11, 3195 сомонӣ арзиш дорад.
Дар мавриди қурби асъори Аврупо бошад, он пас аз каме поин омадан дубора майли гароншавӣ пайдо кард. Ин ниҳод қурби як евро барои шанздаҳуми феврал 13, 5438 сомонӣ муқаррар кардааст.
Банкноты номиналом 1 доллар США. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Коршиносон гуфтанд арзиши доллар дар охири сол чӣ гуна хоҳад буд
Рубл дар баробари пули миллӣ пас аз суқути такрорӣ дигарбора боло рафт. Имрӯз ҳазор рубл дар Тоҷикистон 149 сомону 20 дирам арзиш дорад.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1505 - 0,1530 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1530 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1485 то 0,1540 сомонӣ нишон дода шудааст.
Валиев Наврӯз Алиевич, мудири Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2021
Чаро қурби сомонӣ паст мешавад? Шарҳи намояндаи Бонки миллӣ
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Падруд доллар: Русия вобастагии худро аз доллар кам дорад
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала