Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Суруди Манижа барои Eurovision - 2021 рекорди нав гузошт

© Eurovision Song ContestВыступление певицы Манижи на первом канале
Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Обуна шудан
Суруди Russian Woman - и Манижа дар байни иштирокчиёни дигари Евровидение - 2021 маъруфияти бештар касб мекунад
ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Намоҳанги зодаи Тоҷикистон Манижаи Сангин барои суруди Russian Woman дар байни иштирокчиёни озмуни байналмилалии мусиқии Евровидение - 2021 рекорди дигар гузошт.
Навори таронаи Russian Woman рӯзи 10 март дар канали расмии Евровидение дар шабакаи YouTube нашр шудааст.
Тӯли як моҳ видеои Манижиро беш аз 8 миллион нафар тамошо кардаанд.
Тавсифи Эмомалӣ Раҳмон аз муштзанҳои Исфара ва овозхон Манижа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Видеои тавсифи Раҳмон аз муштзанҳои Исфара ва Манижа: “тамошо кардам”
Илова бар ин, намоҳанги Манижаро 241 ҳазор нафар писандида, ҳамчунин зери он беш аз 147 ҳазор корбар шарҳ гузоштаанд. Вале сафи нафароне, ки ин намоҳангро қабул надошта, ҳамзамон муқобили иштироки Манижа дар Евровидение - 2021 аз номи Русия ҳастанд, низ кам нест. Ин намоҳанг ба 125 ҳазор нафар писанд наомадааст.
Ҳамин тариқ, суруди Манижа дар байни иштирокчиёни дигари Евровидения - 2021 рекорд гузошт.
Дар ҷои дуввум гурӯҳи мусиқии Сербия бо суруди Loco Loco қарор дошт. Суруди онҳо 7,4 миллион маротиба бозбинӣ шудааст.
Мақоми сеюмро таронаи Je Me Casse гирифтааст, ки онро овозхони Малта Destiny ба Eurovision 2021 мебарад.

Манижа дар Евровидение - 2021

Озмуни Евровидение - 2021, ки ҳунармандони кишварҳои мухталифро гирди ҳам меорад, рӯзҳои 18-22 май дар Ahoy Arena дар Роттердам, Ҳолланд баргузор мешавад. Дар он сарояндагон аз 41 кишвари дунё ширкат мекунанд.
Певица Манижа  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Пешгӯии мақоми Манижа дар Евровидение - 2021
Дар озмун сароянда суруди Russian Woman ("Зани рус") -ро иҷро мекунад. Тамошобинони Шабакаи аввал ҳангоми интихоби миллӣ ба ин суруд овоз доданд.
Суруди "Зани Рус" вокуниши васеи мардумро ба бор овард. Аксари вакилони Думаи давлатӣ муқобили матни суруд ва худи Манижа баромада, як сиёсатмадори рус ҳатто талаб намуд, ки Манижа бидуни парчами Русия баромад кунад".
Ба изҳори вакилони норизо, таркиби матни Манижа арзишҳои "зидди Русия" -ро таблиғ мекунад.
Ғайр аз ин, Кумитаи тафтишот низ ба суруд диққати ҷиддӣ дода, матнро "барои таҳқири шаъну шарафи инсонии занони рус" мавриди санҷиш қарор дод.
Лентаи хабарҳо
0