Вокуниши Хадамоти иктишфии Амрико аз хуруҷи низомиёни ин кишвар аз Афғонистон

© Sputnik / Владимир ПироговАмериканские военнослужащие у транспортного самолета
Американские военнослужащие у транспортного самолета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Мудири Идораи итилооти марказии Амрико дар вокуниш ба тасмим барои хурӯҷи нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистон онро риски бузург хонд
ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Уэлиям Борнз, мудири Идораи итилооти марказии Амрико (CIA) дар баёнияе бо ишора ба тасмими Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико барои хурӯҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон гуфт, ки бо хурӯҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон тавоноии Амрико барои муқобила бо таҳдидҳо ба шакли эҳсосшавандае коҳиш хоҳад ёфт, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Мудири Идораи иттилооти марказии Амрико афзуд, ки хурӯҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон ба маънои як хатари қобили тавваҷуҳ барои мост.
Абдулла Абдулла и Мухаммед Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Тарҳи ташкили давлати муваққати сесола дар Афғонистон
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ахиран эълом кард, ки нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистон хориҷ хоҳанд шуд ва гуфт, ки замони поёни тӯлонитарин ҷанге, ки Амрико даргири он буда фаро расидааст .
Ёдрас мешавем, ки Амрико дар соли 2001 ба баҳонаи ҷанг алайҳи тероризм вориди хоки Афғонистон шуда ва режими Толибонро сарнагун кард.
Бо ин ҳол дар 20 соли гузашта бо қудрат гирифтани дубораи Толибон ва тавофуқи сулҳе, ки давлати Трамп бо он дар Давҳа имзо кард, акнун Байден ба ночор ва бидуни касби ҳеч дастоварде ба ин ишғолгарӣ, ки бо нокомии ба маротиб бадтар аз ҷанги Ветнам ҳамроҳ буд, поён медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала