Баррасии ифтитоҳи маркази муҳоҷиратӣ дар Тоҷикистон: Маскав зарурати ташкили онро шарҳ дод

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкВыдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области, архивное фото
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон тақвияти ҳамкорӣ миёни Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Департаменти сиёсати иқтисодии шаҳри Маскав баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Cардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода бо директори генералии Департаменти буҷети давлатии “Маркази муҳоҷират”- и шаҳри Маскав Сергей Балдин масъалаи ифтитоҳи маркази муҳоҷиратро дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор доданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорат.
Манбаъ қайд кардааст, ки ҷонибҳо зимни мулоқот доир ба тақвият додани ҳамкорӣ миёни Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, ва Департаменти сиёсати иқтисодии шаҳри Маскав ва маркази муҳоҷират роҷеъ ба масоили муҳиму рӯзмараи соҳа ибрози назар карданд.
Ноиби шаҳрдори Маскав аз нияти ифтитоҳи маркази муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт
Сергей Балдин, директори генералии Департаменти буҷети давлатии “Маркази муҳоҷират”- и шаҳри Маскав, зикр кард, ки ба вазифаҳои намояндагии “Маркази муҳоҷират”-и шаҳри Маскав инҳо дохил мешаванд: дар Тоҷикистон паҳн кардани маълумот дар бораи ҷойҳои кории холӣ дар Москва ва огоҳ кардани корфармоёни Маскав дар бораи мавҷудияти мутахассисони дорои тахассуси зарурӣ, ташкили мусоҳибаҳои онлайн ва баҳодиҳии малакаҳои касбии муҳоҷирони меҳнатӣ, тафтиши имкони вуруд ба қаламрави Русия ва амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ.
Инчунин ин ниҳод тасмим дорад ба муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба масъалаҳои шуғл, тартиби додани иҷозатнома барои кор, қоидаҳои будубош дар Маскав, аз ҷумла бо назардошти маҳдудиятҳои марбут ба пандемия, назорати вуруди муҳоҷирон ба Русия, аз ҷумла мавҷудияти ҳуҷҷати тиббӣ оид ба тасдиқи натиҷаи санҷиши COVID-19 машварат диҳад.
Гуфта шудааст, ки Тоҳир Каримзода ва Сергей Балдин омодагии тарафайнро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ иброз намуданд.
Лентаи хабарҳо
0