Байден насаби Путинро нодуруст талаффуз кард - видео

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷо Байден дар суханронии худ дар бораи Русия якчанд маротиба хато кард, аз ҷумла ҳангоми талаффузи номи президенти Русия
Сабти суханронии ӯ дар канали Кохи Сафед дар YouTube нашр шудааст.
Роҳбари Амрико аввал гуфт, ки "Иёлоти Муттаҳида намехоҳад як давраи ваксина ... шиддат ва низоъ бо Русияро оғоз кунад".
Байден ба Зеленский ваъда дод, ки дар ҳолати ҷанг бо Русия Украинаро дастгирӣ мекунад
Пас аз он ӯ ба сухан оғоз кард ва номи президенти Русияро нодуруст талаффуз карда чизе ба монанди "Президент Клутин" гуфт. Вале фавран худро ислоҳ кард.
"Ман инчунин ба президент Клутин возеҳ гуфтам ... ба Путин, ки Иёлоти Муттаҳида дар пуштибонӣ аз муттаҳидон ва шарикони худ дар Аврупо боқӣ мемонад", - гуфт Байден.
Байдени 78-сола ҳангоми суханрониҳои расмии худ борҳо ба хатоҳо роҳ додааст.
Ҳамин тавр, моҳи ноябри соли гузашта, ӯ дар як суханронӣ дар назди тарафдорон, набераашро ба номи писари фавтидааш Бо Байден ном бурд ва моҳи марти соли равон ба иштибоҳ Камала Ҳаррисро "президенти кишвар" гуфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала