Беқурбшавии сомонӣ идома дорад: арзиши доллару евро ва рубл дар Тоҷикистон боло рафт

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДоллары, рубли и евро
Доллары, рубли и евро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Обуна шудан
Бонки миллӣ аз болоравии қурби асъор хориҷӣ дар Тоҷикистон хабар дод. Имрӯз дар бозори арз қурби доллар, евро ва рубл нисбат ба сомонӣ боло рафт
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1465 сомонӣ нишон дода шудааст. Дирӯз ин арзиши 1 рубли русӣ 0.1464 муқаррар шуда буд.
Қурби доллари амрикоӣ, ки, давоми се рӯзи ахир дар марзи 11,3195 сомонӣ ист карда буд имрӯз ба 11.3200 расидааст.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ низ боло рафтааст. Дар Тоҷикистон имрӯз барои як евро 13.5591. Дирӯз дар бозори арз арзиши як евро дар марзи 13,4996 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1490 - 0,1520 сомонӣ муқаррар шудааст.
Банкноты номиналом 1 доллар США. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Коршиносон гуфтанд арзиши доллар дар охири сол чӣ гуна хоҳад буд
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1520 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1475 то 0,1520 сомонӣ нишон дода шудааст.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0