Ҳушдори ноиби вазири дохилии Русия аз депорти 247 ҳазор тоҷикистонӣ: муҳлат то 15 июн

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузаштан ба хазинаи аксПервый заместитель министра внутренних дел РФ Александр Горовой, архивное фото
Первый заместитель министра внутренних дел РФ Александр Горовой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Вазорати умури дохилии Русия аз кишварҳои ИДМ хост, бо шаҳрвандонашон, ки дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд, то кор ба ҷавобгарию ихроҷи маҷбурияшон накашад
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Александр Горовой, ноиби аввали вазири умури дохилии Русия, аз кишварҳои ИДМ хост, бо шаҳрвандонашон, ки ғайриқонунӣ дар Русия қарор доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд.
Горовой дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ изҳор дошт, ки феълан ҳудуди 1 миллион шаҳрвандони ин давлатҳо ғайриқонунӣ дар Русия мебошанд.
“Бисёре аз шаҳрвандони шумо, феълан дар қаламрави кишварам ғайриқонунӣ қарор доранд. Агар мо бо шумо ин теъдодро то 15 июн бартараф насозем, ҳамон тавре, ки дар фармони президент пешбинӣ шудааст, ин шаҳрвандон метавонанд ба ҷавобгарӣ кашида шаванду кор то то ихроҷу бастани марзҳо кашад. Бисёр мехоҳам, шумо дар кишварҳои худ тариқи расонаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронед”, - изҳор дошт ӯ.
Горовой зикр намуд, ки татбиқи муҷозот нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, барои нақзи қоидаҳои муҳоҷират мутаваққиф шудааст.
Ба иттилои ВУД, айни ҳол дар Русия ҳудуди 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ғайриқонунӣ қарор доранд.
Мигранты у здания УФМС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Бидуни ҷавобгарӣ: Русия гуфт, хориҷиён метавонанд, ҳузурашонро қонунӣ кунанд
Манбаъ афзуд, дар қаламрави Русия инчунин 120 ҳазор шаҳрванди Озарбойҷон, 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон, 332 ҳазор аз Ӯзбекистон ва 152 ҳазор аз Украина ғайриқонунӣ қарор доранд.
Қаблан бар асоси фармони раисиҷумҳури Русия муҳлати санадҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави кишвар то 15 июни 2021 тамдид карда шуда, татбиқи ҷазо барои нақзи қоидаҳои будубош мутаваққиф гардид. Инчунин муқаррароте мавриди амал қарор мегирад, ки мувофиқи он муҳоҷирон метавонанд патентро бидуни убури марзи кишвар тамдид кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала