Ҳушдори "Толибон" ба Амрико: то аввали май Афғонистонро тарк кунед

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузаштан ба хазинаи аксГлава политического совета движения "Талибан" , архивное фото
Глава политического совета движения Талибан , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Сухангӯи Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) гуфт, мутобиқи тавофуқномаи Доҳа ҳамаи нерӯҳои хориҷӣ бояд Афғонистонро тарк кунанд
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) бори дигар таъкид кард, ки мутобиқи тавофуқномаи Доҳа ҳамаи нерӯҳои хориҷӣ бояд Афғонистонро тарк кунанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Сухангӯи Толибон дар паёме навишт, ки бо амал кардан ба тавофуқномаи Доҳа мушкилоти дигар низ ҳал хоҳад шуд.
Сухангӯи Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) афзуд, ки агар нерӯҳои хориҷӣ натавонанд дар таърихи таъйиншуда (аввали моҳи май) аз кишвари мо хориҷ шаванд, мушкилот бештар хоҳад шуд ва касоне, ки натавонистаанд тавофуқномаро риоят кунанд, масъули ин вазъ хоҳанд буд.
Делегация талибов приехала на переговоры в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Посухи "Толибон" ба пешниҳоди оташбас: "ҷанг дар Рамазон савоб дорад"
Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи гузашта рӯзномаи амрикоии “Вашингтон пост” ба нақл аз манобеи огоҳ гузориш дод, ки Байден тасмим дорад тамоми низомиёни амрикоиро то 11 сентябр аз Афғонистон хориҷ кунад.
Бар асоси тавофуқи Доҳа миёни Амрико ва Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) нерӯҳои хориҷӣ бояд то аввали моҳи май аз Афғонистон хориҷ шаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала