Ҷалби донишҷӯёни ВМКБ ба муассисаҳои олии Русия баррасӣ шуд

Аудитория вуза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо намояндагони Маркази илмӣ - фарҳангии Русия дар Тоҷикистон ҳамкориҳо дар самти ҷалби донишҷӯёни вилоят ба мактабҳои олии Русияро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Назира Амирбекзода, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, зимни мулоқот бо намояндагони Маркази илмӣ - фарҳангии Русия дар Тоҷикистон таъкид доштааст, ки дар баробари омӯзиши ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии Русия, ҳамчунин, барои таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар заминаи боз ҳам қавитарро фароҳам оварда шудааст, иитилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
Тибқи иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар самти ҷалби донишҷӯёни вилоят ба мактабҳои олии Русия ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ-фарҳангии марказ дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои марбутаи ҳокимияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Чрезвычайный и Полномочный посол Имомуддин Сатторов на переговорах России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2020
Сатторов гуфт, ки донишҷӯён аз Тоҷикистон кай ба Русия баргашта метавонанд
Гуфта шудааст, ки мулоқоти масъулони Маркази илмӣ-фарҳангии Русия дар Тоҷикистон бо муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода дар доираи сафари кориашон ба ВМКБ ҷиҳати хостагирӣ ва баргузории имтиҳоноти қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвари ба мо дӯст доир гардид. Маъракаи имтиҳоноти мазкур дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ сурат гирифт.
Дар ҷараёни сафар масъулони Маркази илмӣ-фарҳангии Русия, инчунин, аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и деҳоти ба номи Ғарибшоҳ Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон дидан намуданд.
Зикр шудааст, ки меҳмононро устодону шогирдони муассисаи таълимӣ гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд.
Диктант - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2019
Кор барои донишҷӯён: дар Маскав чигуна дар баробари таҳсил метавон кор кард
Омӯзгорони муассисаи таълимӣ оид ба таърих, дастовардҳо ва хатмкардагони намоёнашон, аз ҷумла Ғарибшоҳ Шаҳбозов, собиқ раиси вилоят, Қозидавлат Қоимдодов, собиқ муовини Сарвазири мамлакат ва амсоли инҳо, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Тоҷикистон ва берун аз он нақши бориз доштаанд, маълумот доданд.
Намояндагони маркази мазкур бо шароити таҳсили хонандагон шинос шуда, ба онҳо миқдори муайяни маводи таълимӣ тақдим намуданд.
Ёдрас мешавем, ки бурсияҳои давлатии Русия барои донишҷӯёни Тоҷикистон дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Русия аз соли 2011 ҳамасола роҳандозӣ мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала