Мақомот дар бораи марде, ки гуфт худу кӯдаконашро оташ мезанад - видео

© Sputnik / Амир ИсаевСотрудники милиции в Душанбе, архивное фото
Сотрудники милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Обуна шудан
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, марде, ки субҳи 16 апрел бо нашри як навор гуфт, то зуҳри рӯз худ ва кӯдаконашро оташ мезанад, феълан дар идораи мақомот аст
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе гуфт, марде, ки таҳдиди куштани худу аҳли оилаашро кард, муайян ва ба мақомот дастрас карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, ба аҳли оила чизе таҳдид намекунаду ҳолатҳои кор муайян карда мешаванд.
Чанд лаҳза қабл марде гирён бо нашри як навор изҳор дошт, ки аз фишор ба дод омада, мехоҳад худу фарзандонашро дар лаби дарёи Варзоб оташ зада кушад. Ӯ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе хост, ба додаш расанд, чун дигар тоқати фишорҳоро надорад.
Мард мегӯяд, нозири минтақавӣ ӯро зери фишор қарор дода мехоҳад, зиндонӣ намояд.
Тафсилоти мушкилро нагуфтааст, танҳо аз роҳбарони Тоҷикистон хост, ба додаш расанд, чун илоҷи дигаре ҷузъ оташзании худу оилаашро намебинад. Ӯ ҳушдор дод, ки то зуҳри рӯз вақт доранд ва аз мардум хост, ба ҷанозаашон оянд.
Феълан иттилои бештаре дар бораи қазия дастрас нест ва дар сурати ёфтани маълумоти бештар дар ин саҳифа пешниҳод хоҳад шуд.
Ин навор бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоиро мушавваш сохт, чун вақтҳои охир дар Тоҷикистон ҳолатҳое, ки волидон дар пайи мушкиле худу фарзандонашонро мекушанд, майли афзоиш доранд.
Лентаи хабарҳо
0