Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Пугачёва дар бораи Манижа: "Ту зӯр ҳастӣ! Аз ҳеҷ чиз натарс!"

Примадонна Алла Пугачева  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Алла Пугачёва суруди "Зани Рус", - ро, ки Манижа бо он Русияро дар Евровидение намояндагӣ мекунад, гӯш кард ва арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Примаддонаи саҳнаи Русия, Алла Пугачёва, дар доираи барномаи "Музикалити" суруди Манижа, “Russian Woman” -ро арзёбӣ кард.
Дар ин намоиши шабакаи Youtube, Пугачёва бо овозхон Зиверт ширкат кард. Ҳардуи онҳо Манижаро чун сарояндаи қавӣ бо овози хуб арзёбӣ карданд, аммо дар бораи суруд фикрашон яксон нест.
Зиверт гуфт, ки Манижаро дӯст медорад, аммо ин суруд ба ӯ тамоман писанд наомад.
"Ин суруд маҳз барои Евровидение аст", - гуфт Алла Пугачёва дар ҷавоб.
Ровии намоиш Максим Галкин ба Манижа дар Евровидение муваффақият орзу кард.
"Ту зӯр ҳастӣ! Аз ҳеҷ чиз натарс! Ба, мисли тонк, ба мисли зани ҳақиқии рус", - хулоса кард Пугачева.
Певица Manizha Манижа Сангин (Хамраева) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Занони рус алайҳи Манижа бархостанд
Худи Алла Пугачёва соли 1997 бо суруди "Примадонна" дар озмуни Евровидение ширкат карда буд. Дар аввал бояд Валерий Меладзе ба Дублин мерафт, аммо ногаҳон бемор шуд ва сарояндаро иваз карданд. Дар натиҷа, Пугачёва дар байни 25 нафар иштирокчиён дар ҷои 15-ум қарор гирифт.

Манижа дар Евровидение - 2021

Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмун аз 18 то 22 май дар Ahoy баргузор мешавад.Русияро дар Евровидение 2021 Манижа, зодаи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.
Вай ба ин сабқати бонуфуз бо суруди Russian Woman, ки ҳангоми овоздиҳии саросарӣ 8 март интихоб шудааст, хоҳад рафт.
Манижа Сангин бо тағо ва модараш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
"Ош баъди шок": тағои Манижа дар бораи ҷиян, оила, танқидҳо ва шустани пирӯзӣ
Аммо, на ҳама номзадии Манижаро ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение дастгирӣ карданд. Ҳамин тавр, интихоби сароянда ва суруд ҳам аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳам аксарияти мунаққидон ва продюссерҳо зери интиқод қарор гирифт.
Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад. Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид.
Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Суруди Манижа барои Eurovision - 2021 рекорди нав гузошт
Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд. Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд.
Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman барои Eurovision - 2021" беш аз 8 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала