Коршинос: Қаҳҳор Маҳкамов лидери сиёсӣ набуд

© Sputnik / Юрий Абрамочкин / Гузаштан ба хазинаи аксКахор Махкамов. Архивное фото
Кахор Махкамов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Таҳлилгари сиёсӣ Нуралӣ Давлат ва корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Фирӯз Рамазон мероси сиёсии президенти нахустини Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамовро шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Муаррих ва таҳлилгари сиёсӣ Нуралӣ Давлат мегӯяд, барои президент дар баробари дониши амиқ, сифатҳои роҳбарикунанда низ зарур аст.
Қаҳҳор Маҳкамов, замоне президент шуд, ки Тоҷикистон ҳанӯз дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буд, бинобар ин баъдтар ӯро "президенти аввалин ва охирини ҶШС Тоҷикистон" номиданд.
Мероси сиёсии Қаҳҳор Маҳкамовро дар мақоми президенти Тоҷикистон зидду нақиз арзёбӣ мекунанд. Ҷонибдорон ва доираҳои ба президенти марҳум наздик аз ӯ ба унвони як инсони донишманд, раҳмдил ва рӯшанфикру бомулоҳиза ёд мекунанд.
Мунаққидонаш бошад, ӯро дар беиродагии сиёсӣ, заифӣ дар баробари чолишҳои даврони нав, шурӯи хушунатҳои солҳои 1990-уми Тоҷикистон ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ гунаҳкор мекунанд.
Первый Президент Таджикистана Кахар Махкамов. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
“Сиёсат чиркинтарин кор”: хотираҳои Маҳкамов аз баҳманмоҳ, истеъфо ва гила аз ҳамсафон
Ба гуфти муаррих ва таҳлилгари сиёсӣ Нуралӣ Давлат, Қаҳҳор Маҳкамов, ки 30 сол дар Кумитаи банақшагирии ҶШС, баъд раиси Шӯрои вазирон ва дар аҳди Михаил Горбачёв президенти Тоҷикистон буд, инсони хуб, вале лидер набуд.
"Қаҳҳор Маҳкамов иқтисоддони хуб буд, аммо дар даврони бозсозӣ, вақте ки ошкорбаёниву демонтажи системаи коммунистӣ шурӯъ шуд, маълум гардид, ки Маҳкамов лидери сиёсӣ нест. Бо мардум бо забони худаш сухан гуфта наметавонад, чунки мисли аксар соҳибмансабони собиқ Тоҷикистони шуравӣ интернатсионалист будааст, - гуфт Нуралӣ Давлат дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Маҳкамов дар даврони баҳманмоҳ зери фишори эътирозгарон аз мансаб истеъфо дод. Ба гуфти коршиноси сиёсӣ ӯ натавонист он замон вазъиятро зери назорат гирад.
"Дар рӯзҳои воқеоти хунини баҳманмоҳи соли 1990 вазъият аз зери контролаш баромад ва ин оғози анҷоми карйераи сиёсии Маҳкамов буд, ҳарчанд худи ӯ то лазҳаҳои охири барканор шуданаш, баъди суқути ГКЧП дар моҳи августи соли 1991 бовар намекард", - гуфт Нуралӣ Давлат.
Коршинос афзуд, ки Қаҳҳор Маҳкамов иқтисоддони хуб ва инсони хуб буд, аммо дар сиёсат одами хубу иқтисоддони хуб будан кам аст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2019
Орзуи Қаҳҳор Маҳкамов ва қарори Эмомалӣ Раҳмон дар бораи “Сиёма”
Дар ҳамин ҳол Фирӯз Рамазон корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, мероси асосии сиёсии Қаҳор Маҳкамов институти президентӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Сиёсатшинос мегӯяд, Маҳкамов аввалин президенти Тоҷикистон буд ва номаш ба ҳайси шахсияти таърихӣ ва сиёсии Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.
"Мушкилоте, ки дар замони фаъолияти президентии ӯ шуда гузашт, аз омилҳои гуногун вобастагӣ дошт. Яке аз сабабҳо ин буда метавонад, ки кишвари мо дар он вақт ҳанӯз ба истиқлоли комили сиёсӣ нарасида буд ва то андозае дар ҳар масъала ба тасмимгириҳои Маскав умед мебаст", - хулоса кард Фирӯз Рамазон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала