Телевизиони “Варзиш” коргар меҷӯяд

© pixabayТелекоммуникационная, аппаратная комната, архивное фото
Телекоммуникационная, аппаратная комната, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав ва коршиносони варзидаи соҳа озмун эълон кардааст
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Озмун барои ишғол намудани вазифаҳои гуногун, аз барқӣ то муҳарриру сардори шуъбаро фаро мегирад.
Дар қатори вазифаҳои холие, ки пешниҳоди довталабон шудаанд, аз ҷумла сардори Шуъбаи тиҷорат, муҳаррир, коргардон, муҳаррири хурд, равшангар, барқчӣ ва муҳандис зикр шудаанд.
Таъкид шудааст, ки довталабон бояд маълумоти олии тахассусӣ дошта бошанду ба донандагони забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад.
“Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо аз 15 апрел то 1-уми майи соли 2021. Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи info@varzishtv.tj пешниҳод намоянд ва рӯзи 1-уми май барои суҳбат даъват карда мешаванд”, - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки муассиса ҳамчунин бо мутахассисоне, ки маҳорати баланди таҳияи барномаҳои варзишӣ доранд, тариқи шартномави ҳамкорӣ менамояд.
Дар мавриди маош иттилоъ дода нашудааст, танҳо зикр шудааст, ки довталабон барои иттилои бештар метавонанд бо телефони 2219064 дар тамос шаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала