Тими "Файзканд" - и Восеъ "Куктош"-и Рӯдакиро шикаст дод

© Sputnik / Стас ЭтвешФутболист на поле, архивное фото
Футболист на поле, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Обуна шудан
Даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон – 2021 дар Лигаи олӣ бо дидори дастаҳои “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ ва “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ оғоз гардид.
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Рақобати дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда, бо ҳисоби 3:1 ба суди тими “Файзканд” хотима ёфт, хабар дод сомонаи телевизиони “Варзиш”.
Ба иттилои манбаъ, ҳисобро дар дақиқаи 14-ум Абдухалил Боронов боз намуд.
“Дар дақиқаи 25-ум ин ҳуҷумкунандаи бомаҳорати тими “Файзканд” бори дуюм дарвозаи “Куктош”-ро рахна сохт. То анҷоми қисми аввал футболбозони дастаи “Файзканд” боз ҳам ба задани гол мушарраф шуданд”, - омадааст даро матлаб.
Таъкид шудааст, ки голи сеюмро низ Абдухалил Боронов ба самар расонида, дар ҳисобаш хет-трик сабт намуд.
Национальная сборная Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Тоҷикистон моҳи май бо тимҳои Ироқу Таиланд ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи “Куктош” дар қисми дуюми бозӣ фаъолтар шуда, дар дақиқаи 59-ум Муҳсинҷон Абдуғаффоров бо истифода аз як имконияти хуби голзанӣ дарвозаи ҳарифонро рахна сохт ва натиҷаро тағйир дод.
Таъкид шудааст, ки бо ин пирӯзӣ дастаи “Файзканд” бо касби 7 имтиёз ба садри ҷадвали умумии Лигаи олӣ баромад.
Лентаи хабарҳо
0