Тоҷикистон моҳи май бо тимҳои Ироқу Таиланд ду бозии дӯстона доир мекунад

© пресс-служба FFTНациональная сборная Таджикистан
Национальная сборная Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Обуна шудан
Ин рақобати миллипӯшони кишвар дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон дар моҳи июни соли 2022 бо Ҷопон ва Мянмар сурат хоҳад гирифт
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Мунтахаби футболи Тоҷикистон моҳи май бо тимҳои Ироқ ва Тайланд ду бозии дӯстона баргузор мекунад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозӣ байни тимҳои миллии Ироқ ва Тоҷикистон рӯзи 24 май дар Варзишгоҳи байналмилалии Басраи Ироқ баргузор мешавад.
Футбольный матч, душанбинский Истиклол против турсунзадевского Регар-ТадАЗом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Аввалин бозии дастаи “Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт
Ба иттилои манбаъ, дастпарварони Усмон Тошев рӯзи 29 май дар Дубай бо Тайланд бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби кишвар дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 мунтахаби Тоҷикистон ду бозии дигар анҷом медиҳад.
Яккачини кишвар нахуст бо Ҷопон санаи 7 июн ва бо Мянма 15 июн вомехӯрад.
Мусобиқаи мутамаркази гурӯҳи "F" дар Ҷопон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0