Тоҷикистон ба маблағи қариб 13 миллион доллар кумаки башардӯстона гирифт

© Пресс-служба МЧС РФ / Гузаштан ба хазинаи аксГуманитарная помощь РФ, архивное фото
Гуманитарная помощь РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Аз аввали сол ба Тоҷикистон ба маблағи қариб 13 миллион доллар кумаки башардӯстона интиқол дода шудааст
ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Тоҷикистон дар соли 2021 ба маблағи беш аз 12,7 миллион доллар кумаки башардӯстона дарёфт кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ.
Қайд карда мешавад, ки кӯмак аз ҷониби 39 кишвари кумакрасон аз хориҷи наздик ва дур расонида шудааст.
Дар феҳрасти ин кумакҳо аз доруҳо, таҷҳизоти тиббӣ, хӯрокворӣ ва ғайра зикр шудаанд. Дар маҷмуъ Тоҷикистон беш аз 4,1 ҳазор тонна бор қабул кард.
Гуманитарная помощь Республики Казахстан передана таджикской стороне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2017
Ёрии башардӯстона: Қазоқистон ба Тоҷикистон як ҳазор тонна мазут дод
Русия яке аз таъминкунандагони аслии кумак ба Тоҷикистон аст. Аз соли 2013 инҷониб, Русия таъмиру сохтмони ошхонаҳои мактабӣ, гамрхонаҳо ҳудуди 28 миллион доллар ҷудо намуд, ки б о дастгирии Пажуҳишгоҳи ғизои соҳавии кишвар амаллӣ шудааст.
Аз ҷумла қаблан дар шаҳраки Панҷи вилояти Хатлон, бо кумаки Русия як нонвойхонаи нав кушода шуд.
Ба туфайли таҷҳизоти муосир, ин нонвойхона қариб нӯҳ ҳазор хонандаи 31 мактаби ноҳияи Панҷро бо нони баландсифат таъмин карда метавонад. Инчунин, Чин ва Ҳиндустон ба Тоҷикистон ёрии калон мерасонанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала