Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи дорусозӣ

© Sputnik Аптека в Согдийской области Таджикистана
Аптека в Согдийской области Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти намояндагони Хадамоти назорати давлатии тандурустии Тоҷикистон бо намояндагони Агентии рушди соҳаи фармасевтии Ӯзбекистон доир шуд.
Дар ин мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ ва самтҳои мухталифи соҳаи фармасевтӣ баррасӣ шудааст.
Намояндагони ду кишвар аз ҷумла, инкишофи саноати дорусозӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, мусоидат барои бақайдгирӣ ва муомилоти маводи дорувории тарафҳо дар кишварҳоро баҳс кардаанд, менависад АМИТ "Ховар".
Гозовая труба в городе Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Гази Ӯзбекистон ба Суғд омад, аммо ҳанӯз мушкили тақсимоти он ҷой дорад
Гуфта мешавад, ки вохӯрии мазкур дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд байни ниҳодҳои мазкур гузаронида шуд.
Дар мулоқот сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Бекмуродзода, муовини якуми сардори Хадамот Идибек Қадамов, директори Агентии рушди соҳаи фармасевтии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Кариев ширкат доштанд.
Нахустин ваксинаи алайҳи COVID - 19 дар корхонаи дорусозӣ чӣ гуна истеҳсол мешавад - акс
Ҳамчунин мушовири сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Отабек Алимов, намояндаи ширкати “Маримед”-и Ӯзбекистон Абдувоҳид Ваҳобов ва намояндагони ширкатҳои истеҳсолии фармасевтии ватанӣ иштирок намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала