Амрико таҳримҳои ҷавобии Русияро “мояи таассуф ва ташаннуҷангез” номид

© Sputnik Государственный департамент США
 Государственный департамент США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2021
Пас аз ҷорӣ кардани таҳримҳои ҷавобии Русия алайҳи Иёлоти Муттаҳида,Вашингтон эълон кардааст, ки ҳаққи посух додан ба ҳаргуна ниқор аз тарафи Русияро нигаҳ медорад
ДУШАНБЕ, 17 апр - Sputnik. Вазорати умури хориҷии Амрико аз таҳримҳои ҷавобии Русия изҳори таассуф намуда, ҳуқуқи посух додан ба онҳоро эълон кард.
Паёми намояндаи Вазорати умури хориҷии Амрикоро тавассути шабакаи CNN пахш шуд.
Ба гуфтаи Вазорати умури хориҷии Амрико, посухи Маскав ба чораҳои маҳдудкунандаи Вашингтон “ташаннуҷангез” мебошад.
Вазорати умури хориҷии Амрико қарори Русия барои аз қаламраваш рондани 10 дипломати амрикоиро “мояи таассуф ва ташаннуҷангез” номид.
Автомобильное движение на Кремлевской набережной в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Дар Кремл аз посух ба таҳримҳои ИМА гуфтанд
Сухангӯи вазорат гуфтааст, шиддат гирифтани авзоъ “ба нафъи мо нест, вале Иёлоти Муттаҳида ҳаққи посух додан ба ҳаргуна ниқор аз тарафи Русияро нигаҳ медорад.”
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, кишвараш дар посух ба ихроҷи 10 дипломати рус аз Амрико, айни корро бо 10 дипломати амрикоӣ дар Русия мекунад.
Ҳукумати Ҷо Байден Русияро ба дахолат дар интихоботи кишвар, ҳамлаҳои кибернетикӣ муттаҳам кард ва дипломатҳои русро аз Вашингтон ронд.
Қарори Ҷо Байден дар бораи ихроҷи дипломатҳои рус ва эъмоли таҳрим ба чанде аз мақомоти баландпояи Русия рӯзи 15-уми апрел қабул шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала