Борону раъду барқ: пешгӯии дақиқи обуҳавошиносони тоҷик

© Sputnik / Амир ИсаевНациональный музей Таджикистана
Национальный музей Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2021
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши сусти борон ва раъду барқ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 16 апрел - Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Аммо ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши сусти борон ва раъду барқ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Цветение деревьев в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
Бӯи баҳор: Душанбе дар иҳотаи гулҳои зебо - акс
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона дар доманакӯҳҳо боришоти сусти борон дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон дар назар аст. Раъду барқ ба амал омада, дар ағбаҳо туман мефароя. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво шабона 9+11 ва рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала