Санаи бозиҳои дӯстонаи дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Ироқ ва Тайланд маълум шуд

© пресс-служба FFTНациональная сборная Таджикистан
Национальная сборная Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2021
Обуна шудан
Мунтахаби футболи Тоҷикистон моҳи май бо дастаҳои мунтахаби Ироқ ва Тайланд бозиҳои дӯстона доир менамояд
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба муқобили дастаҳои миллии Ҷопон ва Мянма дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон моҳи май бо дастаҳои мунтахаби Ироқ ва Тайланд бозиҳои дӯстона доир менамояд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Таъкид шудааст, ки бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Ироқ ва Тоҷикистон 24 май дар Варзишгоҳи байналмилалии Басраи Ироқ баргузор мешавад.
Бозии дигари мунтахаби Тоҷикистон ба муқобили дастаи мунтахаби футболи Тайланд 29 май дар Дубай (АМА) сурат мегирад.
Футбольный матч, душанбинский Истиклол против турсунзадевского Регар-ТадАЗом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Аввалин бозии дастаи “Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт
Ёдовар мешавем, ки дар ду даври боқимондаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Япония (7 июн) ва Мянма (15 июн) вомехӯрад.
Мавриди зикр аст, ки бозиҳои марказонидашудаи гурӯҳи “F” дар Япония доир мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0